Испаниё рисолаташро дар Афғонистон анҷом дод
Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Испаниё рисолати 14 — солаашро дар Афғонистон анҷом дода, вале 25 нафар хидматчиёни ҳарбии он дар шаҳри Кобул боқӣ мемонанд.
Дар робита бо ин дар вилояти Ҳироти Афғонистон маросими фуровардани парчами давлатӣ баргузор гардид, ки дар он ноиби раиси ҳукумати Испаниё Сорайя Саэнс де Сантамария, роҳбари Ситоди генералӣ адмирал Фернандо Гарсия Санчес ва фармондеҳи артиш генерал Ҳайме Домингес Буҳ ширкат доштанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Тулӯъ».
Ёдовар мешавем, ки Испаниё моҳи январи соли 2002 қӯшунҳояшро вориди Афғонистон карда буд. Тайи солҳои рисолат қариб 30 ҳазор нафар хидматчиёни ҳарбии Испаниё ворид Афғонистон шуда, беш аз 100 нафарашон ҳалок гардиданд. Арзиши умумии рисолат барои ҳукумати Испаниё 3 миллиарду 700 миллион евроро ташкил дод.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






