«Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё: гумрук ва иқтисодиёт»-форум ва намоишгоҳ
Душанбе, 23.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Ғоибов дар форум ва намоишгоҳи байналмилалии «Хадамоти гумрукӣ- 2015», ки ҳафтаи ҷорӣ дар Маскав баргузор шуд, иштирок намуд. Дар форум ва намоишгоҳ, ки таҳти шиори «Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё: гумрук ва иқтисодиёт» баргузор гардид, намояндагони 32 кишвари дунё иштирок доштанд.
Намоишгоҳе, ки дар Маркази нигораҳои Маскав гузашт, диққати ҳамаи хадамоти гумруки ҷаҳонро ба худ ҷалб намуд. Зиёда аз 100 нигораи намоишгоҳ кори имрӯзаи хадамоти гумрукро, аз терминалҳои калон то шуъбаҳои хурди минтақавӣ нишон доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба технологияи иттилоотӣ зоҳир шуд, зеро имрӯз тамоми ҳуҷҷатҳо ба шакли электронӣ гузаронида шуда истодаанд.
Бояд зикр кард, ки як рӯз пеш аз оғози намоишгоҳ Абдуфаттоҳ Ғоибов, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Андрей Белянинов, сардори Хадамоти гумруки Федератсияи Русия мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкорӣ миёни мақомоти гумрукии ҳарду давлат баррасӣ гаштанд. Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз ҷумла, ба таъмини фаъолияти кинологии хадамоти Русия, омӯзиши мутахассисони кинолог, тартиби парвариш ва омодасозии сагҳои хизматӣ мароқ зоҳир намуд.
Абдуфаттоҳ Ғоибов ба ҳамкории байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки федералии Русия дар тарбияи кадрҳои касбӣ дар ҷумҳурӣ баҳои баланд дода, барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф изҳори умед кард.
«Мо медонем, ки дар Академияи гумрукии Русия тоҷикон низ таълим мегиранд ва он ҷо сол то сол технологияҳои инноватсионии нав барои таълим ҷорӣ гардида, иқтидори илмӣ рушд меёбад ва робитаҳои байналмилалӣ низ беҳтар мегарданд. Ҳамаи ин барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мусоидат карда, ба тайёр намудани мутахассисони салоҳиятдор барои мақомоти гумрук, аз ҷумла барои Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон медиҳад»,-баён дошт сардори Хадамоти гумрук.
Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва корӣ гузашт, ҷонибҳо зикр карданд, ки солҳои охир муносибатҳо байни ду хадамот рушд меёбанд. Дар заминаи таҳкими робитаҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар, аз хадамоти гумрук даъват ба амал оварда шуд, ки пурра ба густариши ин ҳамкорӣ мусоидат намоянд.
Дар мулоқоти роҳбарони Хадамоти гумрук Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов низ иштирок дошт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






