Изҳори нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз пинҳонкории соҳибкорон
Душанбе, 14.10.2015 (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пинҳонкории соҳибкорон, яъне пинҳон кардани даромадҳояшон аз мақомоти андоз ва гумрук ва зарари чунин корҳо ба даромадҳои буҷети давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт: «Тафтишу санҷишҳои молиявӣ ва чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотии аз ҷониби мақомоти дахлдор гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки як қисми соҳибкорон талаботи қонунгузориро риоя накарда, ба амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла бо роҳи қочоқ ворид намудани молу маҳсулот, рўйпўш намудани андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ, бо мақсади пинҳон кардани камбудиву норасоиҳои молиявӣ дуруст ба роҳ намондани ҳисобу китоби муҳосибӣ даст мезананд ва ҳатто баъзе аз онҳо бо роҳи додани ришва мехоҳанд қонуншиканиҳои худро рўйпўш намоянд».
Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми солҳои 2011-2014 ва 9 моҳи соли 2015 ба маблағи 231 миллион сомонӣ зарари молиявӣ аз ҳисоби камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмон, талафи пулию молӣ аз бесарусомонӣ ва ҳолатҳои кам ҳисобӣ кардан ва рўйпўш намудани андозҳо ошкор шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






