Изҳори норозигии Сарвари давлат аз вазъи роҳи мошингарди “Корхонаи муштараки Зарафшон”
Душанбе, 18.10.2015. (АМИТ “Ховар”). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи коргоҳи дуюми корхонаи заршӯии ҶДММ “Корхонаи муштараки Зарафшон” дар шаҳри Панҷакент аз ҳолати роҳҳои мошингарди ба ин корхона баранда ва иншооти иҷтимоии маҳаллӣ изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарияти ин корхона дастур дод, ки то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин роҳи ҳаждаҳкилометраро пурра азнавсозӣ намуда, ҳамчунин яктоӣ мактабу кӯдакистон ва маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 50 мВт барои ин корхона сохта ба истифода диҳанд.
Ҳачунин Сарвари давлат дастур дод, ки маоши кормандони ин корхона зиёд карда шавад. Ҳоло маоши кормандон дар ин корхона аз 1000 то 1500 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






