Китоб сарчашмаи дарёи ақл аст

Октябрь 31, 2015 07:11

Душанбе, 31.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Боиси ифтихору шукргузорист, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе китобхонаи бошукўҳ бунёд гардид ва дари худро ба рўи муштариён боз намуд. Ин иқдоми нек барои ҷавонони хушбахти замони истиқлолият туҳфаи беназири таърихист.
Бузургон мегӯянд, ки: “Хонаи бе китоб мисли рўзи бе офтоб аст”. Воқеан  агар рӯзе офтоб надурахшад ё ки дар фасли ҳосилпаз тулӯъ накунад, ҳатман ҳамаи меваҳои дарахтон хому талх  мегардад. 
Ин маънои онро дорад, ки дар ҳар хона ва ё дар ҳар ҷомеаву давлате, ки китоб ва ё китобхона набошад, ҳатман ҷавонони он ҷомеа, ки ҳукми меваҳои дарахтонро доранд, хому норасида мемонанд. 
Бояд зикр намуд, ки ҷавонон дар ҳар асру замон дар ҷомеа нақши ҳалкунанда ва тақдирсоз доранд, ё бо тарзи дигар бигўем, онҳо назири баҳре ҳастанд, ки мо метавонем ба тариқи оқилона аз онҳо боғҳову бӯстонҳо бунёд кунем ва ҳамчунин мо метавонем бо ин қувваи бузург боғҳову бӯстонҳоро ба регистону хористон табдил диҳем. Аз ин лиҳоз ба мо маълум мегардад, ки ҷавонон дар ҷомеаи муосир ҳам нақши созанда ва ҳам нақши сӯзанда доранд. 
Пас, агар мо ҷавононро ба китобхонаву китобхонӣ ҷалб намоем, дар ин сурат бе шак гуфта метавонем, ки онҳо ҳамчун қувваи созанда ба камол мерасанд, зеро китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.
Дарвоқеъ, агар имрўз ҷавонони мо дар хона ва ё дар китобхона нишаста китоб мутолеа намоянд, бо бовари комил гуфта метавонем, ки онҳо бо андешаҳои ҷадид ва фикрҳои тавлидгару бунёдкори худ созандагони фардои Ватан мешаванд. 
Имрўзҳо дар замони муосири мо, ки техникаву технология ба дараҷаи бениҳоят баланд рушд кардааст, мо метавонем бо пахши як тугмача аз тамоми китобхонаҳои электронӣ, хабарҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин аз набзи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву варзишии сайёра бохабар гардем. 
Ҳамзамон дар чунин шароит, ки интернет дар тамоми ҷаҳон ва хусусан дар байни насли ҷавон шуҳрат пайдо кардааст, он натавонист, ки фазилат ва қимати китоб ва китобхонаро коста намояд.
Компютер  бо вуҷуди он ҳама фазоилаш маҳсули тафаккури инсон аст. 
Пас бояд эътироф кард, ки интернет бо он ҳама бузургиаш маҳсули тафаккури инсон аст ва тафаккури инсон сарчашма аз китобхонӣ ва рафтан ба китобхона оғоз мегирад.
Бартарии дигари китоб аз интернет дар он аст, ки агар муштарии илму дониш соатҳои тӯлонӣ китоб мутолеа намояд, хаста ва дилсард намегардад. 
Аммо агар мо дар назди интернет нишинем, зиёда аз 3 ё 4 соат хонда наметавонем. Аз сабаби он, ки компютер аз худ атом хориҷ мекунад ва нури чашми моро хаста мегардонад. 
Дар ҳамин замина бояд иброз дошт, ки имрӯз интернет ҷавонони моро танбал ва беҳавсала намудааст. Мушоҳида мекунем, ки агар барои донишҷўи мо аз ҷониби муаллим супорише, ба монанди навиштани реферат дар ягон мавзўъ дода шавад, ӯ ҳатман ба назди интернет нишаста, номи мавзўъро дар он ҷо менависад ва дар як лаҳзаи кўтоҳ онро пайдо намуда, ба муаллим месупорад ва ба истилоҳ ҷони худро халос менамояд. Дар ин сурат толибилм ҳам худро ва ҳам муаллимро фиреб медиҳад. Ин рафтори донишҷў боиси таассуф аст, агар  донишҷў мухлисона китоб мутолеа намояд, дониши ў комил мегардад. Ва он дониш дар мағзи ў ҷой мегирад. Ба монанди ҳарфе, ки дар санг ҳаккокӣ мешавад.
Лекин бояд донист, ки бо ин суханоне, ки мо ин ҷо матраҳ намудаем, гуфтанӣ нестем, ки интернет чизи бадест. Не, балки мо бар он ақида ҳастем, ки имрўз барои ҳар яки мо, ҷавонони замони истиқлолият ҳатмӣ аст, ки аз технологияи муосир истифода бурданро омўзем. Худо кунад, ки он оқилона ва муфаккиронаву муфидона бошад.
Аз қадимулайём бузургони мо муҳаббату алоқа ба китобу китобхона доштанд ва ин аъмоли некашон буд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ ва зиндагии ҷовидониро барои худ касб карданд. Чуноне ки нақл мекунанд, замоне, ки Абуалӣ ибни Сино подшоҳи сомонӣ Нўҳ ибни Мансурро табобат мекард ва пас аз он, ки ӯ шифо ёфт, Нўҳ ибни Мансур аз Ибни Сино дар ҳузури вузарои худ пурсид, ки аз ў чӣ мехоҳад, ки барояш муҳайё  гардонад.
Ҳамаи вузаро фикри онро доштанд, ки ибни Сино аз подшоҳ пулу моли зиёд талаб мекунад, аммо Сино аз подшоҳ дархост намуд, ки ўро ба китобхонаи бузурги дарбор, яъне китохонаи “Авонис-ул-улум” иҷозат диҳад.
Подшоҳ ҳамон замон хоҳиши ўро пазируфт ва ўро ба китобхонаи бузурги дарбор роҳ дод, ки ин китобхона дар ҳаёти ибни Сино як таҳаввулоти ҷиддиро ба вуҷуд овард. 
Аз ин гуфтаҳо ба мо маълум мегардад, ки бузургони мо чӣ қадар  муҳаббати беандоза ба китобхона доштанд. Ҳатто Шайх Саъдии Шерозӣ замоне, ки дар мадрасаи Низомияи Бағдод мехонд, мегўяд, ки замоне ман донишҷў будам, шабу рӯз такрор ва мутолеаи китоб мекардам. Саъдии Шерозӣ он шабони  дар сари китоб мутолиа карданашро ба монанди шаби қадр шуморида, онро чунин ба қалам додааст:
Маро дар Низомия идрор буд,
Шабу рӯз талқину такрор буд.
Қазо рӯзгоре  зи ман даррабуд,
Ҳар он соати ў шаби қадр буд.

Хулоса, бояд ҷавонону толибилмон аз ҳаёти ин бузургонамон омўзанд. Аз ин шароити хеле хубу имконияти васеъ, ки Ҳукумату давлат барои онҳо муҳайё сохтааст, самаранок истифода баранд. Аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон,  ки дорои 10 миллион китоб буда, ҳамчунин бо шабакаҳои интернетӣ пайваст аст, самаранок истифода баранд.
Ман бо бовари комил мегўям, ки мову шумо агар аз ин китобхона оқилона истифода кунем, дар солҳои  наздик боз нобиғагонеро, ба монанди Сино, Мавлоно ва Саъдию  дигар бузургонамон барои ин миллат медиҳем, ки  аз шуҳрати онҳо боз ҷаҳониён ангушти ҳайрат мегазанд.

Сардори шуъбаи тарғиб
ва чорабиниҳои фарҳангии 
Китобхонаи миллии Тоҷикистон                           
Ҷалолиддин Нуров

Октябрь 31, 2015 07:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад