Конфронси байналмилалӣ бахшида ба масоили Афғонистон

Октябрь 9, 2015 04:41

Душанбе, 09.10.15. (АМИТ «Ховар»). — 8  октябр  дар  шаҳри  Маскав  конфронси  дурӯзаи  байналмилалӣ  бахшида ба  вазифаи  муқовимат  ба хавфу  хатар  ба амнияти қаламрави  Афғонистон оғоз  ёфт.
Ин  чорабинӣ, ки  бо  ибтикори Вазорати  мудофиаи  ФР созмон  дода шудааст,  бо  иштироки  кишварҳои  узви Созмони  ҳамкории  Шанхай, нозирону  мушорикони  муколама,  ҳамчунин  роҳбарияти  созмонҳои  калони минтақавию  байналмилалии  СҲШ, СААД ва  ИДМ ҷараён  дорад. 
Дар  конфронс  манофеи Афғонистонро ноиби  аввали  президенти  кишвар Абдурашид  Дӯстум  ҳифз  мекунад.
Вазири  мудофиаи  Русия  Сергей  Шойгу  зимни  суханрониаш  аз  вусъати  фаъолияти «Давлати  исломӣ»  дар  қаламрави Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон изҳори нигаронӣ намуд. Вазир  гуфт, ки  таҳдиди  қувваҳои  ифротӣ  муборизаи  дастаҷамъиро  тақозо  мекунад,   хабар  медиҳад  шабакаи телевизионии RТ. 
Абдурашид  Дӯстум аз  ҳукуматдорони  Русия хоҳиш  намуд, ки  ба  кишвараш  ёрии ҳарбию  техникӣ  расонанд. Номбурда   зикр  намуд, ки  Афғонистон  дар  муборизаи  судманд  бо  терроризм  ба ҳавопаймоҳо,  аслиҳа  ва  лавозимоти  ҳарбӣ  ниёз  дорад. 
Тавре  ки  сухангӯи  Дӯстум  Султон  Файзӣ  ба   хабарнигорон  изҳор  дошт, ҷониби  Афғонистон  аз  Русия  дахолати  мустақим  ба амалиёти  ҳарбӣ  дар қаламрави Афғонистонро хоҳиш  карданӣ  нест. 
Файзӣ хабар  дод, ки ҳукуматдорони  Федератсияи  Русия имконияти  мусоидат ба сулҳу  суботи Афғонистонро  баррасӣ  намуда, бо  ин  васила моил  будани  худро  ба  дастгирии қувваҳои низомӣ  ва ҳарбии  ҳавоии  кишвар намоиш  медиҳанд,  хабар  медиҳад Агентии  иттилоотии  «Хома пресс».

 

Октябрь 9, 2015 04:41

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид