Конфронси байналмилалӣ дар Маскав
Душанбе, 30.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон Наҷмиддин Абдураҳмонов дар кори Конфронси Х байналмилалӣ аз рӯи масоили ҳамгироии иқтисодии Авруосиё дар Маскав иштирок намуд.
Иштирокдорони конфронс самтҳои стратегии ҳамкорӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёт, танзими вазъи асъору молия, ҳамчунин масоили рушди сохтори маҳаллӣ, густариши имконоти тиҷорати байнисарҳадии нерӯи барқро муҳокима намуданд.
Дар кори конфронс роҳбарони Комиссияи иқтисодии Авруосиё, вазорату идораҳо, ширкатҳои миллӣ, намояндагони доираҳои илмӣ ва тиҷоратӣ, ҳамчунин олимону коршиносони хориҷӣ ширкат доштанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






