Масоили рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиёт баррасӣ мешавад

Октябрь 26, 2015 04:48

Душанбе, 26.10.15. (АМИТ «Ховар»). —  30  октябр дар  шаҳри  Душанбе  ҷаласаи Шӯрои Сарони ҳукуматҳои  Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил  баргузор  мегардад.
Тавре  ки  дар  дафтари  матбуоти Кумитаи иҷроияи  ИДМ  хабар  доданд,  иштирокдорони  ҷаласа  масоили марбут  ба  рушди ҳамкорӣ  дар  бахши  иқтисодиёт, аз ҷумла татбиқи Шартнома  дар  бораи  минтақаи тиҷорати озод,  фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар  бахши  иқтисодиёт, иқдомот  ҷиҳати   татбиқи марҳалаи  сеюми Стратегияи  рушди  иқтисодии ИДМ,  масоили  ҳамкорӣ  дар  бахши  навоварӣ, рақобати  бозорҳои  амвол, мухобираи  барқӣ, энергетика ва  бозори қоғазҳои қиматбаҳоро мавриди  мухоқима қарор  медиҳанд.
Ғайр  аз ин,  сарони  ҳукуматҳо  ҳуҷҷатҳои  тарғибкунандаи  ҳамкорӣ   дар  бахши тарбияи  ҷисмонӣ  ва  варзиш, ҳамкории  байналмилалии  ҷавонон, таҳсилот, ёрии тиббию  иҷтимоӣ  ба  собиқадорон,  ҷилавгирӣ  ва  рафъи оқибати   ҳолатҳои  фавқулодда ва бехатариро  баррасӣ  менамоянд.  

Октябрь 26, 2015 04:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад