Маводи мухаддир “сарчашмаи молиявии” нооромиҳост
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари паҳншавии нашъамандӣ, шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав аз тарафи бархе аз ҷавонон дар байни донишҷӯён ва устодони Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тӯли силсилаи вохӯриҳоро баргузор намуд. Дар вохӯрӣ кормандони агентӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирок намуда, оид ба мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд суҳбат намуданд.
Кормандони агентӣ зикр намуданд, ки “сарчашмаи молиявии” аксарияти нооромиҳое, ки дар як зумра давлатҳои ҷаҳон рух дода истодаанд, аз фурӯши маводи мухаддир маншаъ мегирад ва қисми зиёди кушторҳои бераҳмона ва ҷиноятҳои мухталиф, ки аз тарафи гурӯҳҳои тундрав содир мешаванд, дар ҳолати истеъмоли маводи нашъаовар сурат мегиранд.
Иштирокдорон ҳамчунин дар мавриди арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, интихоби зиндагии солим, ҳаёти осоишта, машғул шудан ба варзиш, корҳои илмӣ, навоварӣ дар бунёди ҷомеаи солим сухан карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






