Муҳоҷири тоҷик аз Олмон: «Қабл аз мусулмону яҳудию насронӣ будан, инсон бояд буд»

Октябрь 2, 2015 12:31

Душанбе, 02.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Имрӯзҳо агар ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ назар кунем, мебинем, ки дар ҳар куҷо кишвари исломист ва ё аҳолияш мусулмон аст, он ба мушкилӣ дучор аст. Ҳодисаҳои солҳои охир дар кишварҳои Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои арабӣ рухдода мо, мусулмононро дар назди намояндагони динҳои дигар шармандаву беобрӯ ва зери бори таънаву маломат ва масхара қарор додааст, чунки баъзе нафарони нохалафу ифротӣ зери номи поки ислом баромад намуда, ин дини мубинро ба ҷаҳониён ҳамчун як дини қатлу куштор, сарбуриву мардумозорӣ, ғоратгариву даҳшатафканӣ муаррифӣ намудаанд. Дар тамоми дунё дигар  зери номи “фидоӣ” танҳо намояндагони ин дини муқаддасро мешиносанд. Бубинед, имрӯзҳо мардуми мусулмон дигар аз дасти “Хилофати исломии муқаддас”  ҷойи гурез мекобанд. Гурезаҳои кишварҳои мусулмонӣ дар кишварҳои аҳолиаш ғайримусулмон паноҳ меҷӯянд, на дар давлатҳои пешрафтаи исломӣ. чунки  онҳо хуб медонанд, ки на аз ҳар як мусулмон  раҳму шафқат, меҳрабониву дастгириро метавон интизор шуд. 
Акнун худ қазоват кунед, ки чӣ чизеро мо ҳамчун мусалмон ба дигарон пешниҳод кардаем. Вале биёед онро муқоиса намоем бо мафҳумҳое, ки ҳатто ҳар як мусулмон зимни харидорӣ намудани маҳсулоти саноатӣ, техникӣ, автомобилӣ ва ё чизи дигар  ҳатман аҳамият медиҳад, ки он бояд “Made in Germany”, “Made in Japan”, “Made in China”,”Made in Korea” бошад. Ин “бренд”-ҳоеанд, ки ҳам барои боло бурдани обрӯи кишвар, ҳам иқтисодиёти он,  ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ин кишварҳо ва  ҳам барои пешрафти аҳли башар фаъолият мекунанд. Ин рӯйхатро метавон идома дод, аммо миёни он кишвари исломӣ ё аҳолиаш мусулмон ниҳоят кам аст. Бинобар ин бародарони гиромӣ, айби худи мо мусулмонон моро ба чунин вазъ расонидааст, ки мусулмон буданро на дар дилу ботин, на дар қавӣ будани имон, балки дар намуди зоҳирӣ — дар ришу сатру ҳиҷоб мебинем. Мо мусулмониро ҳатман дар аъзои ҲНИТ ва ё ягон ҳаракатҳои террористиву экстремистии болозикр медонем. Аммо исломи пок ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои дар боло зикргардида ниёз надорад. Ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо зери ливои “дифоъ аз дини ислом” бунёд ёфтаанд, ки куллан хатост, зеро Парвардигор бе ниёз аст ва ба кумаки чунин бандагоне, ки «Ал- Қоида»-ву «Толибон»-у «ДИИШ-ро созмон додаву гӯё дини мубини исломро ҳифз мекунанд,  эҳтиёҷе надорад.
Аз тарафи дигар кӯшиши ба Аврупо ва ба хусус ба Олмон паноҳ бурдани  гурезагони кишварҳои мусулмонӣ бояд олами Ислом ва мусулмононро каме ба фикр кардан водор намояд. Яъне, ин амал бори дигар исбот намуд, ки қабл аз мусулмону яҳудиву насронӣ будан аввал инсон бояд буд, чунки  маҳз бовар ба рафтори инсонии мардуми  Аврупо ва пешрафту тараққиёти он гурезаҳои суриягиву ироқиро  ба он ҷо бурд. 
Ҷаҳони ислом дар асл  ин  эътимод, эҳтиром, меҳру муҳаббат, раҳму шафқат, фурӯтаниву башардӯстӣ аст.  Аммо бубинед ки мо чӣ кор карда истодаем, он чизеро ки дар сухан ҳадс мезанем, дар амал нест, вуҷуд надорад.

Фитрат Амонов, муҳоҷири меҳнатӣ дар ш. Берлини Олмон 

 

Октябрь 2, 2015 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд