Муколамаи мунтазам байни давлат роҳи муҳими ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорон аст
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Яке аз роҳҳои муҳими ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорон- ин ба роҳ мондани муколамаи мунтазам байни давлат ва бахши хусусӣ мебошад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» қабул гардид, ки тибқи он дар самтҳои соддагардонии бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, низоми андозбандӣ, иҷозат ва иҷозатномадиҳӣ, ташаккули ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, ислоҳоти амалиёти лизингӣ, рушди сайёҳӣ ва дигар бахшҳои муҳими рушди соҳибкорӣ ислоҳоти муҳим гузаронида шуданд ва ин тадбирҳо идома доранд.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда, татбиқи босамари қонунҳо дар самти беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ҳарсола шумораи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба таври назаррас меафзояд. Танҳо дар соли 2014 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 285 ҳазору 284 адад расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2013 (263 598 адад) 8,2% афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон ҳиссаи бахши хусусӣ дар Маҷмўи Маҳсулоти Дохилии кишвар зиёда аз 70%-ро ташкил дода, бахши хусусӣ зиёда аз 64,5%-и шуғли аҳолиро дар Тоҷикистон таъмин менамояд.
Инчунин дар соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлат 70 миллион сомонӣ барои дастгирии фаъолияти истеҳсолии соҳибкорон ба фонди мазкур ҷудо гашта, дар ҳафт соли минбаъда маблағи он ба 1 миллиард сомонӣ расонида мешавад.
:








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






