Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо намояндагони Донишгоҳи байналмилалии тиббии Япония
Душанбе, 24.10.2015. (АМИТ «Ховар»). – Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Мушовири калон оид ба корҳои академикӣ, профессори аспирантураи Донишгоҳи байналмилалии тиббии Япония, узви “IHW group” ҷаноби Тэйичи Сато ва мудири шуъбаи котибот, муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи мазкур ҷаноби Ёшиҳито Ҳаттори мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи байналмилалии тиббии Япония, табодули донишҷӯён ва ҳамкорӣ байни беморхонаҳои Тоҷикистон ва Японияро муҳокима карданд.
“IHW group” дар ҳайати худ чандин донишгоҳҳои байналмилалии тиббӣ, беморхонаҳо дар Япония ва хориҷи кишвар, аз он ҷумла, Чин, Ветнам, Миянмар ва дигар кишварҳо дорад.
Ҳамзамон, аз Роҳбарияти “IHW Group” хоҳиш карда шуд, ки ҳамкории зичро бо Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






