Нақшаи «Биёед ба китобхона меравем» тасдиқ гардид

Октябрь 23, 2015 02:11

Душанбе, 23.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавре Ҷалолиддин Нуров сардори шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳани Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар дод, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода нақшаи семоҳаи чоруми шуъбаи  тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии китобхонаи мазкурро зери унвони «Биёед ба китобхона меравем»  тасдиқ намуд. 
Дар доираи нақша барои ҷалби бештари донишҷўён  ба китобхона вохӯрии  директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода бо   донишҷўёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон  ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Дар ҳамин ҳол,  барои омўхтани таҷрибаи пирони рўзгордида ва рўҳбаланд намудани онҳо  аёдати  собиқадорони соҳаи китобдорӣ ва фарҳангу  ҳунар ба роҳ монда шудааст. 
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи мазкур намоиши васеи  китобӣ бахшида ба Рўзи Парчам зери унвони «Тоҷикистон — хонаи умеди ман» ва конфронси илмӣ-  оммавӣ бахшида ба рўзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Сарқонун- бақои миллат»  баргузор мешавад.
Дар доираи нақшаи номбурда   барои тақвияти дониши сиёсию фарҳангии  наврасону ҷавонон  ва дарёфти ҷавонони лаёқатманд чорабини сиёсӣ зери унвони  «Табодули афкор» ба роҳ монда шудааст, ки  зимни он ҳар моҳ вохўрии наврасону ҷавонон бо сиёсатмадорони варзидаи кишвар баргузор мешавад.
Чорабинии фарҳангии озмуни «Дастони моҳир» бахшида ба соли оила ва фарҳанги либоспўшии  ҷавонон зери унвони «Фарҳанги миллӣ ва оилаи солим» ва мулоқоти наврасону ҷавонон бо шоири ватансаро Муҳаммад Ғоиб  аз қабили чорабиниҳои нақшавианд.

Октябрь 23, 2015 02:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!