Намоишгоҳи тиҷоратӣ-сайёҳии кишварҳои Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ зери унвони “Road Show”
Душанбе, 07.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-6 октябри соли 2015 дар чаҳорчӯби 9-умин Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ аввалин Намоишгоҳи тиҷоратӣ-сайёҳии кишварҳои узви форум зери унвони “Road Show” баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкур бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо ифтитоҳ шуда, дар он асарҳои фарҳангӣ, намоиши имкониятҳои сайёҳӣ ва намунаи маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии хурду бузурги Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои узви Форум ба намоиш гузошта шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи мазкур Вазорати фарҳанг, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноат ва инчунин ширкатҳои ҶДММ “Исфарафуд”, ҶДММ “Абрикос”, ҶДММ “Макколӣ”, ҶДММ “Манучеҳр” ва хоҷагии асалпарварии “Кароматулло” муаррифӣ намуданд.
Дар доираи намоишгоҳи мазкур созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






