Намояндагони ширкати «Томсон Рейтерс» маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд

Октябрь 28, 2015 06:45

Душанбе, 28.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар  Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони сершумори ташкилоти қарзӣ 27 октябр муаррифии барномаҳо ва маҳсулоти яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳон «Томсон Рейтерс» оид ба ҷорӣ намудани майдони ягонаи савдо барои гузаронидани амалиёти пуливу қарзии Бонки миллӣ ва ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ, мукаммал сохтани воситаҳои пулӣ, савдои коғазҳои қимматнок, анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ ва назорати он дар бозори байнибонкӣ багузор гардид. 
Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд,  дар даҳаи дуюми моҳи августи соли равон чунин як вохӯрӣ бо намояндагони ширкатҳои «Блумберг» ва «Томсон Рейтерс» баргузор гардид ва баъди баррасии пешниҳоди маҳсулоти ширкатҳои мазкур намояндагони ташкилоти қарзии кишвар бо назардошти нархи мувофиқ доштани пардохти ҳаққи хизматрасонии терминалҳо ба тарафдории маҳсулоти ширкати «Томсон Рейтерс» ва ҳамчун платформаи ягона барои низоми электронии савдо интихоб кардани он овоз дода буданд. Дар давоми беш аз ду моҳи гузашта аксарияти ташкилоти қарзии мамлакат бо ширкати «Томсон Рейтерс» ҳамкориро ба роҳ монда, шартномаи заруриро ба имзо расониданд. 

 

Октябрь 28, 2015 06:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа