Насби пойгоҳи иртиботи бесими ширкати Tcell дар Рашт
Рашт, 02.10.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Дар деҳаи Сайиди ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт пойгоҳи иртиботи бесими ширкати Tcell бо маблағи 200 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шуда, он имрӯз ба кори худ оғоз намуд. Мутахассисони техникии ширкати мазкур дар пойгоҳ, оид ба ҳолатҳои техникӣ, фаъолияти кормандони техникии ширкат, бо сертификати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин будани пойгоҳи мазкур ва иқтидори пойгоҳи ширкат маълумот доданд.
Ба гуфтаи масъулин, пойгоҳи мазкур мавҷро аз Душанбе қабул намуда, ба пойгоҳи ширкати мазкур дар ноҳияи Ҷиргатол интиқол медиҳад. Мавҷ ба воситаи мавҷгирҳо дар тамоми минтақаи водии Рашт паҳн гардида, муштариён аз ин гуна хизматрасонӣ истифода мебаранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






