Назари Ҳизби демократии Тоҷикистон нисбат ба ҳодисаҳои ошӯбангези моҳи сентябр
Душанбе, 07.09.2015, (АМИТ «Ховар»).-Шӯрои сиёсии Ҳизби демократии Тоҷикистон вобаста ба воқеаҳои моҳи сентябри соли равон ба нишонии АМИТ «Ховар» изҳороти худро бо чунин мундариҷа пешниҳод кард:
-Ҳизби демократии Тоҷикистон ҳамеша барои эҷод ва пойдории давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд талош меварзад ва то қадре метавонад, дар рушди ҷомеаи демократӣ саҳмгузор аст. Бар пояи ҳамин раванди солим, мо ҳама гуна зӯроварӣ ва беадолатиро маҳкум менамоем. Ҳамчунин ба ҳама равишҳои сулҳофаринӣ ҳамфикр ва пайванд хоҳем буд.
ҲДТ барои эҷоди давлати демократию ҳуқуқбунёд талош меварзад ва роҳҳои бунёди ҷомеаи мардумсолорӣ ва пойбандӣ ба қонунро аз принсипҳои аслии худ медонад.
Воқеаҳои нохуши моҳи гузашта бори дигар фазои сиёсии мамлакатро ғуборолуд карданд ва дар пайи он рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ Суди Олии ҶТ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти экстремист-террористӣ эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон кард. Ҳоло ин масъала яке аз мавзӯъҳои доғи мамлакати мо мебошад. Дар бораи то кадом андоза даст доштани роҳбарон ва аъзои ин ҳизби сиёсии мамлакат дар ин воқеаҳо мо маълумоти пурра дар даст надорем, аммо аз ҳар иқдоме, ки ба сулҳу оромӣ ва пешрафти ҷомеа нигаронида шудааст, пуштибонӣ мекунем. Матбуот рӯзҳои охир дар бораи ҳамдастии роҳбарони ҲНИТ ба гурӯҳҳои тундраву ҷангҷӯ маълумот пахш мекунад. Табиист, ки бо дарёфти чунин маълумот ва фаъолияти барои низоми давлатдорӣ хатарзо ҳар гуна ҳизбу созмон ё гурӯҳи алоҳида саркӯбу нобуд мешавад, зеро пешгирӣ аз сар задани ҳар гуна нооромӣ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятии мамлакат мебошад.
ҲДТ низ дар навбати худ боре шоҳиди як рафтори ношоиста, дақиқтараш шубҳаовари ҲНИТ шуда буд. Дар арафаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2015, ки раиси ҲДТ дар ҳавзаи интихоботии Фархор-34 ба сифати номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар сабқат буд, ҲНИТ ба маҷлисҳои маҳаллӣ як нафар узви гурӯҳи салафияро пешбарӣ карда буд, ки фаъолияти ин гурӯҳи мазҳабӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст. То ҳанӯз барои мо равшан нест, ки ҲНИТ бо ин гурӯҳи тундрав чӣ иртибот дорад, вале пешбарии нафаре аз ин гурӯҳ аз тарафи ҲНИТ эътимоди моро ба ин ҳизб ҳамчун ҳизби сиёсии фаъол дар мамлакат шикаст.
Акнун, ки гурӯҳи ҷангҷӯи генерали собиқ Абдуҳалим Назарзода саркӯб ва нобуд карда шуд ва ҳукумат даст доштани ҲНИТ-ро дар ин ошӯбҳо ошкор кардааст, дигар бовар ба фаъолияти солими ҲНИТ комилан аз байн рафтааст.
ҲДТ бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаҳои ахир дар кишварҳои исломӣ, ки аз ихтилофандозии неруҳои ба ном исломӣ оғоз шуда, ҳазоронро кушта, садҳо ҳазор нафарро бехонумону овора кардааст, иқдомҳои ахири мақомоти интизомӣ ва ҳукумати кишварро чораҳои пешгирии чунин ҳодисаҳо медонад.
Раиси
Ҳизби Демократи Тоҷикистон Сайидҷаъфар Исмонов








ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






