«Нелегал-2015»: 1 шаҳрванди хориҷӣ бо қарори суд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуд
Душанбе, 13.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар асоси фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ марҳилаи якум аз 11 май то 29 май ва аз 21 сентябр то 9 октябри соли 2015, марҳилаи дуюми чорабиниҳои фаврӣ -пешгирикунанда ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла хариду фурӯши одамон таҳти унвони шартии «Нелегал-2015» аз тарафи Раёсати ВКД, Раёсати КДАМ ва Раёсати ХМ ВММША ЧТ дар вилояти Хатлон гузаронида шуданд.
Зимни амалиёти «Нелегал-2015» нисбат ба 1 шаҳрванди хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 499 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ оғоз шуда, бо қарори суди шаҳри Курғонтеппа аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуд.
Инчунин дар ҳудуди ноҳияи Кумсангир нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ барои бе иҷозатномаи корӣ ва ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ бо моддаи 138 қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ оғоз ва ба маблағи 800 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Чорабиниҳои фаврӣ- пешгирикунанда ва амалиёти махсус 9-уми октябри соли ҷорӣ хотима ёфтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






