Нисбат ба марги тифли 5 моҳаи муҳоҷири корӣ дар Санкт-Петербург парвандаи ҷиноятӣ боз гардид

Октябрь 21, 2015 03:42

Душанбе, 21.10. 2015 (АМИТ «Ховар»). — Мақомоти тафтишотии Федератсияи Русия нисбат ба ҳодисаи аз модар ҷудо кардани кӯдаки ширхораи муҳоҷири кории тоҷик, ки боиси марги тифли панҷмоҳа — Умаралӣ Назаров шудааст, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (расонидан ба ҳолати марг аз беэҳтиётӣ, ки дар натиҷаи ба ҷо наовардани уҳдадориҳои касбӣ сар задааст) боз карда, тафтишоти минбаъдаро дар доираи парвандаи ҷиноятӣ идома медиҳанд. 
Хотиррасон мешавем, ки 13-уми октябри соли равон кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Санкт-Петербург  шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров ва Заррина Юнусоваро бо сабаби риоя накардани талаботи қоидаҳои будубоши муҳоҷирони корӣ боздошт карда, тифли панҷмоҳаи онҳо  Назаров Умаралии 5 моҳаро, ки ба нигоҳубин ва шири модар ниёз дошт, аз модар ҷудо карда, ба дигар ҷо интиқол медиҳанд. Мутаассифона, рӯзи дигар Умаралӣ Назаров мефавтад. Вобаста ба ин ҳодиса Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нотаи эътирозӣ ирсол намуд. 
Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомиддин Сатторов вобаста ба ин ҳодиса  изҳор кард,  ки  аз рӯзи 13-уми октябр  ин ҷониб  роҳбарият ва кормандони сафорати Тоҷикистон, консулгарии ифтихорӣ дар Санкт-Петербург, намояндагиҳои дигар вазорату идораҳои масъули Тоҷикистон дар Русия ҳодисаи фавтидани тифли панҷмоҳаи муҳоҷири кориро таҳти назорат ва пайгирӣ қарор додаанд.  «Мо умед дорем, ки тафтиши ин қазия мунсифона ва бо риояи талаботи қонун ҷараён мегирад» — гуфт  И.Сатторов.  
Тибқи иттилои расида ҳоло мақомоти тафтишотии Федератсияи Русия маҷмӯи чораҳои фаврӣ-тафтишотиро барои пурра муайян кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур роҳандозӣ кардаанд.

Октябрь 21, 2015 03:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа