ҲНИТ-ҳизбе, ки набояд таъсис меёфт
Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — ҲНИТ ё худ Ҳизби наҳзати исломӣ, ки роҳбаронаш онро як тарафи сулҳи тоҷикон муаррифӣ мекунанд ва ҳол он ки дурӯғ мегӯянд, дар охир чеҳраи аслии худро ба мардуми кишвар нишон дод. Ин ҳизб, ки ҳадафаш сохтани давлати “исломӣ” дар Тоҷикистон мебошад, мехоҳад ба ҳар роҳу равише ки набошад, зидди ҳукумати қонунӣ амал намуда, онро сарнагун кунад. Аммо мардуми Тоҷикистон дигар ба дасисаҳои ин ҳизб пас аз ифшо шудани пинҳонкориҳои харобкоронаи он дода нахоҳад шуд.
Чанде пеш Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он огоҳинома дода, умумиҷумҳурӣ будани ҳизбро пас аз баста шудани шуъбаҳои он дар 58 шаҳру ноҳияи кишвар зери суол бурд.
Ин ҳизб ки бо барчаспи “исломӣ” аз дини ноби Ислом сӯйстифода мекунад ва худро ҳизби Худо муаррифӣ менамояд, ҳадафи ғайриқонунӣ расидан ба қудратро дошта, бо ин мақсад мардумфиребӣ карда, солҳои охир дағдағаву сару садоҳои зиёд намуд. Воситаҳои ахбори он, аз ҳафтаномаи “Наҷот” то торнамои он солҳо аз фишори ҳукумат “нолаву шиква” карда, мехоҳанд ба имиҷи Тоҷикистони азиз ва ҳукумати қонунии он дар назди кишварҳои мусулмонӣ ва умуман ҷаҳон осеб расонанд. Бехабар аз он ки тамоми кишварҳои ҷаҳон хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дидаву хирадмандии ӯро эътироф намуда, кишварҳои исломӣ ӯро ҳатто аз ҷумлаи бонуфузтарин шахсиятҳои мусулмон донистаанд.
Тоҷикистони азизи мо ҳамчун як давлати мустақилу дунявӣ ҷанги шаҳрвандиро, ки сабаби асосии сар задани он маҳз ҳамин “исломхоҳони сиёсӣ” буданд, паси сар карда, ба марҳилаи рушду шукуфоӣ даромад ва ба ҳеч гуна ҳизбе, ки динро ба сиёсат меомезад, ниёз надорад. Ағлабияти аҳолии кишварро мусулмонон ташкил медиҳанд, бино бар ин ҳоҷат ба будани як ҳизби динӣ вуҷуд надорад. Давлат тамоми шароитро барои анҷом додани фаризаҳои динӣ таъмин намуда, Донишгоҳи исломиро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, рӯҳониёнро мақоми баланд додааст. Ин ҳама баёнгари он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеч гуна камбудии ҷавҳарие дар сиёсати давлат дар баробари рӯҳониён ва диндорон вуҷуд надорад. Дар саросари кишвар фаъолияти масҷидҳо озод буда, ҳар сол ҳазорон нафар афроди хоҳишманд бо мусоидати давлат ба ҳаҷҷи фарзию умра мераванд. Модом ки ин ҳама шароит аз ҷониби давлат муҳайё мешавад, чӣ ниёз ба ҳизбу ҳаракати динӣ дар кишвар вуҷуд дорад? Мантиқ мегӯяд, ки ҳеч гуна ниёзу эҳтиёҷе ба он нест.
Дар ҳаводиси охир, ки ба кушта шудани ҳомиёни низоми ҳуқуқ дар Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат оварда расонд, ҳамагон шоҳид шудем, ки аъзои ҳамин ҳизб даст доштанд ва пас аз шабехуни ноҷавонмардона пойтахтро тарк намуда, худро дар кӯҳу камар пинҳону махфӣ карданд. Пеш аз ин ҳам аъзои ин ҳизб ба аъмоли террористӣ даст зада, чандин бор хостанд, ки вазъияти ҷумҳуриро ноором карда, дар байни халқ нисбат ба давлату ҳукумат норозигӣ ба вуҷуд оранд, аммо тирашон хок хӯрда, ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд.
Дар ин ҷо мехоҳам ба чанд нуктаи муҳим ишора намоям. Тоҷикистон ҳамчун як давлати ҷавон аз исломхоҳони сиёсӣ зарбаи сахт хӯрда, то ҳол захмҳои он ба пуррагӣ шифо наёфтаанд. Исломхоҳони сиёсӣ ҳамон наҳзатиҳое мебошанд, ки ҳадаф доранд Тоҷикистонро ба як давлати “исломӣ” мубаддал созанд ва тамоми сарватҳои онро ба манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳӣ истифода баранд. Онҳо мехоҳанд фарҳанги асили тоҷиконро паси по зада, фарҳанги бегонаро бо баҳонаи “рукнҳои исломӣ” дар ҷомеаи мо паҳн кунанд. Солҳои дароз онҳо сиёсати худро ҳамчун як ҳизби расмӣ бо иддаои меросбари як тарафи сулҳ амалӣ намуда, мунтазам изҳороти бепоя дода, мақомоти давлатӣ ва ҳукумати ҷумҳуриро ба он туҳмат менамуданд, ки нисбат ба онҳо “фишор” меоварад ва баъзан “зӯроварӣ” мекунад ва худро ҳимоятгари “ҳиҷоби занон” ва “риши мардон” гирифта, роҳбаронаш худро дар назди давлатҳои мусулмонӣ “ширин” менамуданд.
Мо дар як соли охир тавассути ахбори оммаи ҷумҳурӣ шоҳиди он шудем, ки бархе шаҳрвандон ба сабаби гӯё “исломӣ” будани ин ҳизб фиреб хӯрда, ба он дохил гардида, пас аз шинохтани чеҳраи аслии наҳзатиҳо бо ихтиёри худ аз ҲНИТ хориҷ шуданд. Саркардагони ҳизб ба рафтору кирдорҳое даст заданд, ки ҳамаро ба ҳайрат оварданд. Роҳбари онҳо Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми намояндаи парламент буданаш, бештари рӯзҳои солро дар сафарҳои хориҷӣ ва кайфу сафо гузаронда, Тоҷикистон ва ҳукумати онро сиёҳ карда, ҳангоми мулоқот бо ҷавонҳои фирефтаи ҲНИТ худро “лидери ватандӯст” нишон медод. Ин “лидери исломӣ”, ки ҳангоми суханрониҳояш худро “пешвои беназир” эҳсос мекард, аз демократия ва интихоботу дигарандешӣ сухан гуфта, мехост ҷавонони содаро бо хушсуханӣ “сеҳр” намуда, ба сафи ҲНИТ ҷалб кунад. Аммо, ҷавонони огоҳи ин ватан дигар медонанд, ки аз пайи кӣ бираванд ва кӣ ҳақ асту кӣ роҳи ботилро мепаймояд.
Нуктаи дигар ин аст, ки ҲНИТ дар асоси ғояҳои “Ихвонулмуслимин” таъсис ёфтааст ва алорағми он ки аъзояш шоҳиди поёни бефарҷоми ихвониҳо дар Миср шудаанд, намехоҳанд эътироф кунанд, ки ҳизбҳои динӣ дар кишварҳои мусулмонӣ ҳаргиз ба муваффақият ноил нашудаанд, балки боиси нооромиву бетартибиҳо гардидаанд. Мо донишҷӯёни тоҷик дар Миср шоҳиди он гаштем, ки чӣ гуна “Ихвонулмуслимин” ҳукумати Мисрро ғайриқонунӣ ғасб намуда, хуни ҳазорҳо мардуми мусалмонро дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва шаҳрҳои дигари кишвар рехт. Аммо вақте, ки ба сари ҳокимият расиданд, шаҳрвандони ватандӯсти ин миллат мақсадҳои нопоки онҳоро фаҳмида, барканории ҳукумати ихвониҳоро талаб карданд. Дар ин росто ҳаминро бояд зикр намуд, ки ҳангоми ғасби ҳукумати Миср аз ҷониби ихвониҳо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба Миср сафар карда, бо роҳбари ҳизби Ихвонулмуслимин мулоқот намуд. Бино ба иттилои рӯзномаи мисрии “ал-Аҳром”, дар он мулоқот М.Кабирӣ дар масъалаи чӣ гуна “пирӯз шудан” ва таъсис додани кишвари исломӣ аз роҳбари ихвонӣ тавсияҳо гирифтааст. Дар ин бора ишора кардан ба ҳаводиси кишварҳои арабии Ховари Миёна низ бамаврид аст, ки дар солҳои охир оғуштаи хун шудаанд. Бешубҳа, сабаби ин ҳама нооромиву хунрезиҳои давомдор фаъолияти аҳзобу гурӯҳҳои ифротгарои динӣ буда, созмонҳои террористие мисли ДОИШ ва ал-Қоида, ки ҳоло ба амнияти тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд, бо чунин гурӯҳҳои ифротгарои динӣ аз як сарчашмаи идеологӣ об мехӯранд.
Дар поён бояд хотирнишон кард, ки акнун ба истиснои шумораи ками наҳзатиҳо, ки аз дастархони хоҷагони хориҷиашон нон мехӯранд, дигар ҳама дарк кардаанд, ки дар шароити имрӯза ҲНИТ дар арсаи сиёсии Тоҷикистон як гурӯҳи ифротгаро буда, мамнӯъ шудани фаъолияти он ба суди мардуми кишвар аст. Чи хуб мебуд, агар фаъолияти ҲНИТ пештар баста мешуд, он гоҳ садҳо модари тоҷик бефарзанд, занон бешавҳар ва кӯдакон бе падар намемонданд. Мо, донишҷӯёни тоҷики муқими Миср аз ҳодисаҳои хунини кишвари маҳалли таҳсил пурра бохабар буда, намехоҳем, ки ин гуна ҳодисаҳо дар меҳани азизи мо такрор шаванд. Бино бар ин, аз баста шудани ҳизбе, ки динро ба сиёсат меолояд ва Исломи нобро ҳамчун василае барои расидан ба ҳадафи машкуки сиёсӣ ба кор мебарад, истиқбол мекунем, зеро ба ин тариқ, пеши роҳи дасисаву фоҷиаҳо дар оянда гирифта хоҳад шуд. Дар марҳилаи душвори кунунӣ кишвари мо барои таъмин намудани пешрафти иқтисодӣ ва рафоҳи иҷтимоӣ ба оромиву амну субот ва ҳусни тафоҳум беш аз пеш ниёз дорад.
Ман ҳамчун як магистри донишгоҳи муътабари Азҳари Шариф ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунам, ки 29 сентябрро “Рӯзи Ваҳдат” эълон намоянд.
Қодиров Давлат
Роҳбари Иттиҳоди донишҷӯёни тоҷик,
магистри факултаи шариати исломии донишгоҳи Азҳар