Ноуҳдабароии ронандагон боиси ҳодисаҳои нохуш мегардад
Душанбе, 02.10.2010 (АМИТ «Ховар»).- Тайи ду рӯзи охир кормандони Раёсати БДА ВКД ҷумҳурӣ ҳодисаҳои нохушеро ба қайд гирифтанд, ки аз ноуҳдабароии ронандагон дониста мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, рӯзи 30-юми сентябр ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, сокини 24-солаи ноҳияи Қумсангир, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳияи Қумсангир дар ҳудуди ноҳияи Ҷ. Румӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрон, сокини 52-солаи ноҳияи Ҷиликулро пахш намудааст. Дар натиҷа велосипедрон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин дирӯз, 1-уми октябр, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, марди 38-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт дар ҳудуди деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Нушор аз уҳдаи идораи мошин набаромада, духтарчаи 6-солаи сокини ҳамин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа, духтарчаи хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






