Ҷоми Осиё: Тоҷикистон дар финал
Душанбе, 07.10.2015 (АМИТ «Ховар»). Дар бозии такдирсози охирини гурӯҳи «F» дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби ҷазираҳои Малдив бо натиҷаи 8 бар 0 ғалаба карда, ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли оянда дар Баҳрайн сурат мегирад, роҳхат гирифт. Барои ба даври ниҳоӣ баромадани футболбозони мо зурур буд, ки дар вохӯрии охирин бо Малдив ба дарвозаи ҳариф аз 6 гол бештар зананд ва ин кор ба бозингарони мо муяссар шуд. Алишери Ҳотам муаллифи се гол шуд, Нуриддин Ҳамрокулов ва Эҳсони Панҷшанбе ба дарвозаи ҳарифон ду голӣ заданд. Сунатулло Холов голи 8-умро ба самар расонд.
Ба ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърихи ширкаташ дар ин синн ҳамчун беҳтарин дастаи мақоми дуввум ба бозиҳои финалӣ баромад. Дастаи мунтахаби Ироқ дар ин рӯз бар тими мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби 4 бар 1 ғолиб омада, дар гурӯҳ бо 9 имтиёз пешсаф шуд.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






