Ҷоми Тоҷикистон: Боз Истиқлол ва Регар ТадАЗ дар финал
Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар бозии баргашти нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи Регари ТадАЗ дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо КМВА Помир вохӯрда, бо натиҷаи 3 бар 1 пирӯз шуд ва ба бозии ниҳоии Ҷоми кишвар роҳхат гирифт. Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Душанбе бо натичаи мусовии 0 бар 0 ба анҷом расида буд. Голҳоро дар ин вохӯрӣ Комил Саидов, Комрон Турсунов, Нозим Бобоҷонов (пеналтӣ) аз тими соҳибони майдон ва Сайёди Ковусшо ба ҳадаф расониданд. Акнун маротибаи панҷум мешавад, ки дар вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои Истиқлол ва Регар ТадАЗ бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Ёдрас мешавем, ки бозии ниҳоӣ бо ширкати ин дастаҳо рӯзи 25 октябр дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб барпо мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






