Пешвои миллӣ- зарурати таърихии миллат
Профессор Сайфулло САФАРОВ –Муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Раёсати Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Мухтасари матни суханронӣ дар конфронси байналхалқии аврупоӣ оид ба пешвоён дар мавзўи « Наздикшавии фарҳангҳо :Аврупо ва Авруосиё- ҳамкорӣ дар роҳи фарҳанги сулҳ ва рушди инсонӣ», ЮНЕСКО ,Париж, 3-4 декабри соли 2013 бо каме иловаҳо )
Душанбе, 10.06.2015 (АМИТ «Ховар»).- Аз Кумитаи ташкилӣ барои эътимоде, ки ба ман зоҳир кардааст, то дар ин мулоқоти сатҳи олӣ дар бораи кишвари худ ва дар бораи Президенти мамлакатам чанд сухан гӯям, арзи сипос менамоям. Ба ақидаи ман Президенти мо шахсияти нотакрор аст, сифатҳои неки инсонии худодод дорад, ки ба туфайли ин, тамоми зертобеонаш ба таври мураттабу муназзам кору фаъолият мекунанд. Ман итминон дорам, ки ин шахсият тасодуфан пешвои миллати мо, кафили ҳифзи сулҳу субот, тарроҳи ҳадафҳои бузурги стратегӣ ва роҳбалади амалисозии онҳо нагардидааст. Ӯ шахсияти созанда ва ислоҳотчӣ мебошад, сиёсатмадори оқилу хирадманд аст. Ӯ шахсияти ғайриоддӣ ва роҳбари кордон, шахси боҷуръат буда, ба қавли хеш вафодор аст. Ӯ дар оғози касби истиқлоли кишварамон гуфта буд, ки омода аст ҷони худро барои Халқу Миллату Ватани худ фидо намояд. Ва имрӯз низ ӯ ба ин суханони худ содиқ аст. Маҳз барои ҳамин халқ ӯро дастгирӣ мекунад. Ҳамаи он чи ки вай пешниҳод кардааст, ҳеҷ гоҳ бар хилофи иродаи мардум ва ба муқобили манфиатҳои миллӣ набудааст. Халқи мо дар атрофи Президенти худ муттаҳид гашт, неруманд шуд, раванди бунёди давлатдориро анҷом дод, шароитро барои зиндагии шоиста ба фарзандону наберагони худ фароҳам овард. Ба ҳама маълум аст, ки сатҳи пасти фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар ҷомеа барои рушди босуръат монеа эҷод мекунад. Бинобар ин, ҳам Президент, ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам ҳизбҳои сиёсӣ маҳз дар ростои фаъолсозии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии мардум ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ кор мебаранд.
Аммо ман мехоҳам, ки дар ин ҷо дар бораи пешвои миллӣ, дар бораи нақши вай дар таҳкими истиқлол, пешрафти иқтисоди миллӣ, суботи ҷомеа, эҳёи миллӣ ва фарҳангӣ, тақвияти худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва худэҳтиромкунии миллӣ, яъне дар бораи зарурати таърихии ин шахсияти неруманд ва созандаву ободкор саҳми шахсии Президенти мо сухан гўям. Вале бозгӯ кардан ва зикр намудани ҳамаи ин дар ин ҷо имкон надорад. Дар ин бора бисёр навишта шудааст. Ҳама медонанд ва дар ёд доранд, ки ҳар чи ки аз Президент вобаста буд, вай тайи ин 20 сол садоқатмандона иҷро кард, баъзан ҳатто бо истифода аз нуфузу эътибори байналмилалии хеш бештар аз он чи анҷом дод, ки кишвари мо тавонмандии онро дошт. Вай талош мекард, батадриҷ, қадам ба қадам тамоми мушкилот: нарасидану набудани маводи ғизоӣ, молия, артиш, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, марзбонон, муаллимон, духтурон, мактабҳо, шифохонаҳо, майдонҳои варзишӣ ва даҳҳо мушкилоти дигарро, ки барои зиндагии орому осудаи мардум монеа эҷод мекарданд, паси сар намуда, халқи худро ба сӯи суботу оромиш барад. Маҳз ба туфайли фаросат ва хиради Эмомалӣ Раҳмон ҳалли бисёр проблемаҳои мураккаби вобаста ба танзими мусолиматомези ихтилоф дар Тоҷикистон имконпазир гардид. Алҳол бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои тадқиқотӣ таҷрибаи Тоҷикистонро ҳам дар бобати ҳалли ихтилофот ва ҳам дар мавриди рушди марҳалаи пас аз ихтилофи ҷомеа меомӯзанд. Равандҳои мураккаби сиёсии давраи гузариш истеъдоди хос ва неруи фавқулоддаи инсониро талаб доранд.
Маҳз ба туфайли шахсияти ӯ ва фаъолияти аъзои командаи ӯ, Тоҷикистон давлати соҳибэҳтиром, узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ, узви СММ, САҲА, СҲШ, Созмони иқтисодии АвруОсиё, СААД гардид ва ҳатто қабл аз бисёр кишварҳои фазои пасошӯравӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии савдо ворид шуд. Имрӯзи Тоҷикистонро намешавад ҳатто бо соли 2000 муқоиса кард. Сохтмони манзилҳои бисёрошёна, хариди мошинҳо, рушди зерсохтори шаҳрҳо ва ноҳияҳо, сохтмони роҳҳо, купрукҳо ва нақбҳо, инкишофи низоми алоқа, вагонҳо ва ҳавопаймоҳои наву муосир, меҳмонхонаҳои замонавӣ, омода кардани кадрҳо дар хориҷ ва таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳайсияти кишварро рӯз аз рӯз баландтар мебардорад, имиҷи Тоҷикистони ҷангзадаву валангорро аз байн бурда, онро ба сифати як макони ободу зебо, боғшаҳри афсонавӣ ба як кишвари орому рў ба инкишоф табдил медиҳад. Бар хилофи иддаъои баъзе рақибон, ман бо қотеъият таъкид менамоям, ки Тоҷикистон имрӯз як кишвари соҳибихтиёру соҳибистиқлолу мустақил аст. Ба сабаби хиёнати чанд нохалафу ватанбезор моҳи охир боз ватани мо вирди забони дўстону душманон шуд. Дўстон асли масъаларо хуб фаҳмида, барои кумак ҳозир будани худро изҳор карданд, вале душманон бо ҳар роҳе, ки тавонистанд, гирди номи кишвари мо афсонасозиву дуруғпароканӣ карданд. Вале дар оҳанги гапашон яъсу нокомӣ хеле бештар буд ва сабаби он ҳам дар ин буд, ки пешравии Тоҷикистонро намешавад инкор кард, дастгирии мардум ва Президент ба як қувваи шикастнопазир табдил ёфтааст. Тоҷикистон идеяи миллии худ – касби истиқлолро амалӣ сохт, барои кишвар ва барои мардум сулҳу суботро таъмин намуд. Тоҷикистониён давлати миллии худро бунёд карданд, ки аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ чун кишвари сулҳхоҳ ва созанда эътироф гардидааст. Алҳол мо як марҳалаи муҳими рушдро анҷом додаем ва ба марҳалаи дигар ворид шудаем, мо заминаро барои рушди иқтисод, сиёсат ва фарҳанг гузоштем. Имрӯз худи инсон, сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии вай ва тарбияи вай дар радифи аввал қарор гирифтааст ва насли мо вазифаи худро барои бунёди давлати соҳибихтиёр анҷом медиҳад. Ва бояд батадриҷ таҷриба ва дониши худро ба насли нав интиқол диҳем. Ҳафтсолаи оянда бо таҷдиди тамоми низоми сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ, беҳбуди идоракунии давлатӣ тафовут хоҳад дошт. Аз рӯи натиҷаи нимсолаи аввали соли 2015 гуфта метавонам, ки имрӯз рушди иқтисодӣ суръат мегирад, соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бемайлон инкишоф меёбанд, барои рушди босифати низоми маориф шароит фароҳам оварда шудааст, кишвар дар остонаи дастёбӣ ба истиқлоли энергетикӣ қарор дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки аксарияти кишварҳо дар ҳолати бўҳронӣ қарор доранд. Мамлакати мо аз бунбасти геополитикӣ раҳоӣ ёфт. Давлат дар самти таъмини озуқаворӣ ва амнияти ғизоӣ гомҳои устувор бармедорад.
Яъне кишвар қадам ба қадам ба ҳадафҳои стратегии худ даст меёбад. Коршиносони байналмилалӣ Тоҷикистонро аз нигоҳи таъмини гуногунандешӣ (плюрализм), озодии сухан ва матбуот яке аз беҳтаринҳо дар ИДМ эътироф мекунанд.
Мутобиқи маълумоти СММ, дар Тоҷикистон барои ҳар як доллари гузошташуда дар рушди кишоварзӣ мақомоти маҳаллӣ барои тарҳҳои созанда то 80 доллар ба даст овардаанд, ки ин нишондиҳандаи хуби рушди баъд аз ҷанги дохилӣ маҳсуб мешавад. Маргу мири кӯдакон коҳиш ёфт, бисёр бемориҳои сироятӣ аз байн рафт, тибби оилавӣ беҳбуд ёфт, мактабҳо ва шифохонаҳои хусусӣ бештар мешаванд. Тайи даҳ сол сатҳи камбизоатӣ беш аз ду баробар коҳиш ёфт ва мақсад гузошта шудааст, ки то соли 2020 он боз ду баробар коҳиш ёбад. Ин маънои онро дорад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83% — и соли 1999 алҳол тақрибан 32% — ро ташкил медиҳад ва дар соли 2020 дар сатҳи 20% қарор хоҳад дошт ва пас аз ба кор даромадани неругоҳи барқи обии Роғун ин сатҳ боз ҳам камтар хоҳад шуд. Алҳол дар Тоҷикистон дигар сухан дар бораи коҳиши сатҳи камбизоатӣ намеравад. Давлат аллакай барои амалисозии барномаи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ» тадбирҳо меандешад. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Президенти мо дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеа саҳми бузург доштааст ва маҳз ба ҳамин хотир маҳбуби мардум гардида, маҳз ба ҳамин сабаб ӯро одилона Президенти мардумӣ меноманд. (ниг.: китоби Фаттоев С.С. ва Сайфиддинов М. Президенти мардумӣ. Душанбе, 2012).
Президенти мо барои дастовардҳояш дар таҳкими сулҳу созиш, барои дастгирии варзиш ва тиб, барои саҳми шахсӣ дар ҳалли муҳимтарин проблемаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон бо бисёр ҷоизаҳо сазовор гаштааст. Проблемаи иҷтимоӣ дар фаъолияти Президенти мо мақому ҷойгоҳи махсус дорад. Дастгирии солмандон, собиқадорон, ятимон, духтарон аз минтақаҳои дурдаст, ҷалби занон ба сохторҳои давлатӣ аз саҳми шахсии вай дар ҳалли масоили иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба туфайли ташаббусҳояш дар бобати ҳалли проблемаи об ва махсусан, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси шахсияти ташаббускору фаъоли чунин ибтикорҳо шинохта шудааст. Мубориза бо фақру камбизоатӣ, дастгирии соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, барномаи омӯзиши калонсолон, дастгирии интернатҳо барои ятимон, маъюбон ва солмандон низ аз ҷанбаи башардӯстона доштани сиёсати ӯ шаҳодат медиҳад ва хислати инсондӯстонаи вайро нишон медиҳад. Ин баёнгари он аст, ки сулҳу субот дар ҷомеа, инкишофи устувори кишварҳои рушдёбанда ба андозаи зиёд аз мавқеъ ва фарҳанги пешвои миллӣ, аз сифатҳои ахлоқӣ ва сиёсии ӯ, аз самимият ва кушодадилии вай дар баробари шаҳрвандони худ ва ҷаҳониён, аз қотеъият ва мавқеи фаъоли вай дар ҳифзи сулҳу субот вобаста аст.
Ба хусус суханрониҳо ва ташаббусҳои охирини Президентамон дар ҷашни 70 солагии СММ қалби тамоми моро аз ифтихор лабрез кард. Ва ҳар нафаре,ки дар баробари Президент истода шабро шаб ва рўзро рўз нагуфта, меҳнат мекунад ва қатрае, заррае ба боигарии миллату давлат зам менамояд, аслан қаҳрамони аср боқӣ мемонад. Чун чунин имконияти таърихӣ ба миллатҳо дар садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо як бор муяссар мешавад. Ин суханҳои дар Париж 2 сол пеш ба мардуми олам гуфтаамро хостам дар ин рўзи саид, рўзи забон, забоне, ки мо зиёиён дар охири асри ХХ барои ҳимояааш бархоста будем ва он истиқлолияти моро наздиктару фаҳмотар кард, забоне, ки маҳз бо дастгирии Президенти кишвар суфтаву ҳамагонӣ гашт, зери ғамхории ҳақиқии давлат гузашт ва дигар оинаи қаднамои фарҳанги миллии тоҷикон гашт ба ин марди ғаюр, ватандўст, боҷасорат бигўям.
Имрўз Президенти кишварамонро аз номи зиёиёни тоҷик ба муносибати ин иди ҳақиқатан миллиамон табрик гуфта ба он кас саломатии бардавом, нерўи созанда ва бунёдкор, дили беғам, хотири ҷамъ ва баракат дар кору саховат дар ҳар амалашон орзў менамоям. Бигузор Тоҷикистони азизи мо зери роҳбарии он кас боз ҳам рушд ёфта, шукуфонтар, зеботар ва пурқувваттар гардад.