Президенти кишвар: «Барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ рақобатпазир бошед»
Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 бо ёдоварӣ аз лоиҳаҳои сершумори давлатӣ ва минтақавию байналмилалӣ аз соҳибкорони ватанӣ даъват намуд, ки барои иштирок дар онҳо бо ширкатҳои хориҷӣ рақобатпазир бошанд, зеро дар чанд соли охир дар соҳаи пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя як силсила ислоҳот, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, анҷом дода шуданд.
Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, ки аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мераванд, чораҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон фарқияти ҷиддӣ вуҷуд надорад,-таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






