Президенти Тоҷикистон: Рушди соҳибкорӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон мебошад

Октябрь 14, 2015 04:30

Душанбе, 14.10.2015 (АМИТ «Ховар»). — Барои пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, ки аз самтҳои муҳими фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон дониста мешавад, як қатор ислоҳот  анҷом дода шудаанд, ки барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ,  кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, — изҳор намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба иштирокдорони Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015. 
Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон фарқияти ҷиддӣ вуҷуд надорад, — таъкид дошт Сарвари давлат.
Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор»  субҳи имрӯз дар Кохи Борбад оғоз шуда, бо иштироки соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони ташкилоти бонуфузи байналмилалии молиявӣ, олимону коршиносон ва меҳмонони хориҷӣ идома дорад.

Октябрь 14, 2015 04:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!