Прокуратураи Туркия барои амалиёти террористӣ «Давлати исломӣ» — ро айбдор намуд
Душанбе, 29.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар изҳороти прокуратураи Туркия гуфта мешавад, ки ду таркиш дар шаҳри Анқара бо дастури террористони «Давлатии исломӣ» сурат гирифт.
«Ба фикри мо созмони террористии музофоти Ғазиантеп ният дошт, ки баъди гирифтани фармони мустақим аз «Давлати исломӣ» дар Сурия ба Туркия ҳамла орад», — гуфта мешавад дар изҳороти прокуратураи Туркия.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 10 октябр дар наздикии саристгоҳи қатораи пойтахти Туркия ду таркиш рух дод. Мувофиқи маълумоти охирин, бар асари ду амалиёти террористӣ дар шаҳри Анқара беш аз 100 нафар ҳалок гардида, қариб 500 нафар захмӣ шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






