Пуштибонии аксари мардуми Русия аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия
Душанбе, 16.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бар асоси натиҷаҳои як назарсанҷии нав беш аз 70 дарсади мардуми Русия аз ҳамлаҳои ҳавоии Маскав бар зидди террористҳо дар кишвари бӯҳронзадаи Сурия ҳимоят мекунанд. Маркази Левада, ки як муассисаи назарсанҷии мустақил дар Русия аст , ин назарсанҷиро аввалҳои моҳи октябр бо пурсиши ҳазору шашсад нафар анҷом додааст.
Тибқи ин баррасӣ, 72 дарсади посухдиҳандагон аз ҳамлаҳои ҳавоии кишварашон бар зидди мавзеъҳои гурӯҳҳои террористӣ ҳимоят мекунанд , 14 дарсад бо ин ҳамлаҳо мухолиф ҳастанд ва 14 дарсад аз назардиҳӣ худдорӣ кардаанд.
Ҳамчунин 47 дарсади ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ муътақиданд, ки Маскав бояд аз Башор Асад, раисҷумҳури қонунии Сурия дар мубориза бо гурӯҳҳои террористии такфирӣ ҳимоят кунад, ҳарчанд 28 дарсад мегӯянд, Маскав бояд аз дахолат дар ин даргириҳо парҳез кунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






