Путин: Гурӯҳи террористии ДИИШ бо ислом ҳеҷ робитае надорад
Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Владимир Путин дар чаҳорчӯб ва меъёрҳои ҳимояти ҳавоии Русия аз талошҳои артиши Сурия дар даргириҳо бо ДИИШ суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфтааст: «Танҳо роҳи саҳеҳи мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ чораҳои пешгирикунанда ва муқобилият бо афроди мусаллаҳ ва террористҳо мебошад. Мо набояд мунтазир бимонем, то онҳо вориди хонаҳоямон шаванд».
Тавре ки дар хабаргузории «Ҷумҳур» омадааст, Путин дар нишасти ҳайати давлати Русия ба ин мавзӯъ дахл намуда, гуфтааст: «Гурӯҳҳои террористони ҷаҳонӣ дар Сурия ва кишварҳои ҳамсояи он густариш ёфтаанд. Барои ҳамагон равшан аст, ки дар миёни гурӯҳҳои террористӣ ҳазорон тан аз шаҳрвандони кишварҳои аврупоӣ, Русия ва кишварҳои узви ИДМ ҳузур доранд».
Владимир Путин иброз дошт: “Зарур нест коршиноси амниятӣ бошӣ, то бидонӣ, ки террористҳо дар сурати дастёбӣ ба пирӯзӣ дар Сурия ба таври ҳатмӣ ба кишварҳояшон аз ҷумла Русия боз хоҳанд гашт. Гурӯҳи террористии ДИИШ бо ислом ҳеҷ иртиботе надорад ва ҳамакнун неруи ҳавоии бархе аз кишварҳо пойгоҳҳо ва мавозеи ДИИШ- родар Сурия мавриди ҳамла қарор медиҳад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






