Қ. Расулзода: «Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ устувор қадам мениҳад»
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Имрӯз амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ давраи мураккаберо аз сар гузаронида истодааст. Таҳдиду хатарҳои дорои хусусияти иқтисодӣ афзуда истодаанд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани рушди иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, махсусан дар фазои собиқ Шӯравӣ устуворона қадам мениҳад», — изҳор дошт Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни истиқболи иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 30 октябр дар Душанбе.
Қ. Расулзода аз ҷумла таъкид кард, ки ҳоло маълум гардид тамоюли тағйирёбӣ дар ҷаҳон баланд боқӣ мемонад. «Хусусияти ҳамбастагӣ ва ҷаҳонишавӣ ин аст, ки вазъияти дар як кишвар ба амаломада метавонад бевосита ё муттасил ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҳамаи кишварҳои иштирокдори ИДМ таъсир расонад»,-афзуд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ имрӯз санадҳои ҷамъбастиро ба имзо расониданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






