Риёз Ҳаддод: Ҳавопаймоҳои Русия 40 фоизи зерсохторҳои ДИИШ-ро нобуд сохтанд
Душанбе, 08.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сафири Сурия дар Русия Риёз Ҳаддод эълом кард, ки ҳавопаймоҳои Русия 40 фоизи зерсохторҳои ДИИШ-ро нобуд сохтанд. Тибқи навиштаи Оҷонсии «Ал-маълума» пайвастани Русия ба амалиёти низомӣ дар Сурия аллакай руҳияи онҳоро шикаста, эҳсоси хавфу тарс дар онҳо ҳувайдост, зеро натиҷаи зарбаҳои ҳавоиро ба хубӣ эҳсос карда истодаанд. Ў илова намуд, ки гарчанд аъзои ДИИШ аз тактикаи кандани нақбҳо барои идомаи амалиёти террористӣ мехоҳанд истифода намоянд, вале зарбаҳои ҳавоии Русия дақиқ ва ба маврид ба онҳо зада мешаванд. Ҳаддод Риёз бо ишора ба натиҷаҳои ин зарбаҳои ҳавоӣ афзуд: «Яке аз муҳимтарин натиҷаи ин амалиёт таслим шудани шумори зиёди ифротгароён мебошад, ки силоҳҳояшонро довталабона партофтанд».








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






