Роҳҳои таъмини солимӣ ва баробарҳуқуқӣ дар оила
Душанбе, 26.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Оила макони меҳру муҳаббат ва маърифату садоқат» баргузор гардид. Дар конфронс шумораи зиёди олимон, коршиносон, мутахассисони соҳа ва бонувону аҳли зиё иштирок карданд.
Дар чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯхти либосҳои миллӣ ва арӯсию домодӣ, чакандӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ, ороиши дастархон ва қуроқдӯзӣ роҳандозӣ гардид.
Дар конфронс масоили алоқаманд ба оила ва ҷомеа, бақайдгирии расмии оилаҳои навбунёд, оқибатҳои нохуши баргузории никоҳи динӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи ватандӯстӣ ва нексириштӣ, қадру манзалати зан-модар аз нигоҳи дини мубини Ислом, хатари никоҳи бармаҳалу хешутаборӣ, роҳҳои таъмини солимии оила ва баробарҳуқуқӣ дар оила баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






