«Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва роҳу усулҳои фаъолияти иттифоқҳои касаба дар замони муосир»- семинари омӯзишӣ
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзҳои 1-3 -уми октябр бо ташаббуси раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Шерхон Салимзода барои амалӣ намудани самтҳои асосии фаъолияти иттифоқҳои касаба бо кормандони дастгоҳ ва раисони ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи тобеъ дар мавзӯи «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва роҳу усулҳои фаъолияти иттифоқҳои касаба дар замони муосир» семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар семинар раиси Федератсия оид ба фаъолияти оянда ва самтҳои асосии минбаъдаи кори иштирокчиён иброз намуд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳо бояд кишварамон тинҷу осоишта ва мардумаш ба якдигар хайрхоҳу меҳрубон бошанд, ба ибораи дигар ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ танинандоз бошад. Мавсуф воқеаҳои рӯзҳои 4 — 16 -уми сентябри соли ҷорӣ ба вуқӯъ омадаро ба ёд овард, ки диёри тинҷу орому осоиштаро чӣ гуна фарзандони нохалафаш ноором намуда, чандин нафарро кушта, инсонҳои бегуноҳро хонавайрону сарсону саргардон намуданд. Оё фарзандонеро, ки ба доми найрангу фиреби хоҷагони хориҷӣ афтода ба Ватан-Модар хиёнат мекунанд, ба монанди собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Ҳалим ва роҳбарияти ҲНИТ- фарзанди ин макони муқаддас номидан равост?
Аз ҷониби иштирокчиёни семинар ин амали нангин маҳкум гардида, зикр шуд, ки халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён ин амалиёти хоинонаро маҳкум мекунанд ва мардуми шарифи Тоҷикистон тарафдори сиёсати сулҳҷӯёна ва ватандӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Семинар се рӯз идома ёфта, дар он самтҳои асосии фаъолият ва ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касаба муҳокима гардида, ба иштирокчиён маводи зарурӣ дастрас гардонида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






