Сармоягузорони хориҷӣ: «Фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон барои пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя мусоид аст»
Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрўз, 14 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» дар доираи таҷлили «Рўзи соҳибкор» баргузор гардид.
Дар Форуми байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронии пурмўҳтаво намуд. Сипас дар тақвияти суханронии Сарвари давлат дар форум намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла — Муаззам Мекан, директори минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ; Масару Хонма, директори минтақавии Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ; Павел Лавров, директори генералии НБО-и Сангтӯда-1; Ян Чжи Сай, роҳбари ҶДММ «Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой»; Осман Каздал, роҳбари минтақавии ширкати «Кока Кола, Ҳани Салем Сонбол, муовини роҳбари Корпоратсияи байналмилалии тиҷоратию молиявии исломии Гурӯҳи Бонки исломии рушд Ҳани Салем Сонбол ва дигарон сухан гуфта, омодагии хешро барои саҳм гузоштан дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон изҳор карданд. Зикр гардид, ки имрӯз фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон барои пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя мусоид аст.
Пас аз маросими ифтитоҳи расмии Форум иштирокчиёни он аз Намоишгоҳи байналмилаии Агрофуд, ки дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкор ташкил шудааст, дидан карданд.
Қобили зикр аст, ки дар арафаи баргузории форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла мизи мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон, Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, Анҷумани байналмиллалии иқтисодии «Иқтидори минтақаҳои озодӣ иқтисодӣ дар рушди минтақаҳо», конфронси минтақавии «Имкониятҳои туристии мамлакат», мизи мудаввари «Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ» ва мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми бахши хусусӣ дар таъсиси ҷойҳои корӣ» доир гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






