Сарвари давлат: “Ҷавонон бояд худро аз амалҳои зишт ва ҳамроҳ шудан ба ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ дар канор гиранд”!

Октябрь 21, 2015 11:00

Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ “Ховар”). – “Бори дигар таъкид менамоям, ки ҷавонони вилояти Суғд  ташаббускориро аз даст надода, бояд худро аз амалҳои зишт ва ҳамроҳ шудан ба ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ дар канор гиранд”, — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд. 
Президенти кишвар афзуд, ки вазъи имрўзаи ҷаҳон  тақозо менамояд, ки ҷавонони мо доим ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он ҳамеша омода буда, шарафи Тоҷикистони азизамон, амнияти ҷомеаи кишвар, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии онро эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
    “Дар ин раванд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва зиёиёну фаъолонро зарур аст, ки дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва роҳ надодан ба косташавии ахлоқи наврасону ҷавонон мунтазам ва фаъолона кор кунанд”, — дастур дод Сарвари давлат. 

 

Октябрь 21, 2015 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад