Сарвазири Тоҷикистон: Пурзӯр кардани сиёсати ҷавонон масъалаи муҳим аст
Душанбе, 30.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-«Дар заминаи тамоюлҳои охири ҷаҳон дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни террористӣ имрӯз барои Тоҷикистон масъалаи муҳим- кор бо ҷавонон ва тақвияти ҷаҳонбинии равонии сиёсати ҷавонон ба ҳисоб меравад». Ин нуктаро имрӯз, 30 октябр Қоҳир Расулзода- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори ИДМ иброз дошт.
Сарвазири мамлакат ҳамчунин таъкид кард, ки дар робита ба пешгирии гароиши ҷавонон ба ташкилоти террористӣ дар ҷаласаи мазкур, баррасии масъалаҳои муҳиме, чун сиёсати ҷавонон, амаликунии стратегияи байналмилалии ҳамкории ҷавонон ва «Стратегия оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» хеле саривақтӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






