Шаҳодатномаи «Travellife» ба 24 ширкати туристии Тоҷикистон
Душанбе, 26.10.2016 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш 24 ширкати туристии Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи «Travellife» гардиданд.
Бино ба иттилои бахши сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар доираи баргузории тренинги омӯзишӣ барои ширкатҳои туристии Тоҷикистон, ки аз ҷониби коршиноси байналмиллалии туристӣ Марлон Ван Хи аз давлати Ҳолланд гузаронида шуд, 24 ширкати туристии Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи байналмилалии «Travellife» гардиданд.
Шаҳодатномаи мазкур ба ширкатҳои туристии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба шабакаи ширкатҳои муваффақ ва устувор дар хизматрасонии туристии Аврупо ворид гарданд.
Гуфта мешавад, ки имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва хатсайрҳои туристии ширкатҳои Тоҷикистон тавассути онлайн муаррифӣ мешаванд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






