Шахсони номаълум дар вилояти Лугар мактаби духтаронаро оташ заданд
Душанбе, 29.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Пули Алам, маркази маъмурии вилояти Лугари Афғонистон, шахсони номаълум бинои мактаби духтаронаро оташ заданд.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ тахминан соати 3 — и шаб ду нафар шахсони мусаллаҳ бинои мактабро оташ зада, аз маҳалли воқеа нопадид шудаанд.
Забонаҳои оташ ҷиҳоз, асбобҳои таълимӣ ва ҳуҷҷатҳои бисёр биноҳои мактабро нобуд сохтанд. Намояндагони Вазорати маорифи Афғонистон ваъда додаанд, ки вақтҳои наздиктарин бинои мактаб таъмир карда мешавад, хабар медиҳад агентии «Хома пресс».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






