Шарҳи рушди иқтисодӣ дар Аврупо ва Осиёи марказӣ
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии сариқтисодчии Идораи минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи марказӣ Ҳанс Тиммер, ки 29 октябр баргузор шуд, шарҳи рушди иқтисодӣ дар Аврупо ва Осиёи марказӣ, ноустувории болоравии иқтисодӣ дар ин минтақаҳо ва дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи ин ташкилоти молиявӣ бо Бонки миллӣ муҳокима гардиданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба таҳлили нархҳои нефт, қурбҳои воқеии мубодилавӣ, зарурияти мутобиқ шудан ба воқеияти нави нархҳои пасти нафт ва таъмини чораҳои мақсаднок барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар робита ба ин муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нуралиев иттилоъ дод, ки бо назардошти ба эътидол омадани вазъи бозори хариду фурӯши доллари нақди ИМА ва бо мақсади ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ гузаштан, бо дастури Бонки миллӣ қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА аз ҷониби ташкилоти қарзӣ муқаррар мешавад.
Номбурда таъкид кард, ки мақсад аз ҷорӣ кардани механизми нави муқаррарсозии қурби асъори нақдӣ, пеш аз ҳама, кам кардани фарқияти байни қурбҳо, пешгирӣ кардани фарқияти назарраси даромади амалиёти ҳаннотӣ, танзиму таъмини шаффофияти фаъолияти мубодилавии муассисаҳои ташкилоти қарзӣ ва тадриҷан гузаштан ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ мебошад.
Оид ба ҷанбаҳои мусбат ва манфии гузариши зина ба зина ба қурби ягонаи мубодилавӣ, таъмини фаъолияти муназзаму босуботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллӣ Ҳанс Тиммер ва аъзои дигари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ андешаҳои худро баён карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






