Шарҳи тағйирот дар сиёсат ва амалияи муайян кардани қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА
Душанбе, 26.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). -Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади тавзеҳи тартиби нави муқаррар кардани қурби хариду фурӯши долл. нақди ИМА дар бозори дохилӣ итиллоъ медиҳад, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардани қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА дар даврае зарур шуда буд, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ аз ноустувории бозор ва қурби асъор сӯйистифода карда, бо мақсади ҳар чӣ зиёдтар ба даст овардани фоида беасос қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро баланд мебардоштанд.
Вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ феълан таҳти фишор қарор дошта, ба лапишҳои қурбӣ рӯ ба рӯ мегарданд ва дар ин замина бонкҳои марказии онҳо сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро тибқи вазъияти ба амал омада, тағйир дода истодаанд.
Дар робита ба ин, вазъи имрӯзаи бозори асъори ҷумҳурӣ ба куллӣ аз вазъияти дар моҳҳои марту апрели соли равон ҷойдошта фарқ мекунад. Нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ баста шуда, амалиёти мубодилавӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ танҳо ба воситаи муассисаҳои ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешаванд. Дар айни замон, вазъи бозори дохилӣ устувор буда, тағйирёбии қурб муътадил арзёбӣ мешавад. Гузариш ба тартиби нави муқаррарсозии қурб тадриҷан сурат гирифта, ташкилоти қарзӣ бо назардошти тағйирёбии қурби расмии сомонӣ нисбат ба долл. ИМА, бояд қурби хариду фурӯши нақдии онро мустақилона барои муассисаҳои худ муайян намоянд. Вобаста бар ин, ташкилоти қарзӣ метавонанд мустақилона қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро аз қурби расмӣ то ба андозаи 1,5 (якуним) фоиз муқаррар кунанд.
Барои мисол, рӯзи душанбе, 26.10.с.2015 қурби баландтарини фурӯши долл. нақди ИМА набояд аз 6,7076 сомонӣ барои 1 долл. ИМА (6,6085+1,5%=6,7076) зиёдтар бошад.
Ҳадаф аз ҷорӣ кардани механизми нави муқаррарсозии қурби асъори нақдӣ, пеш аз ҳама, кам кардани фарқияти байни қурбҳо, пешгирӣ кардани фарқияти назарраси даромади амалиёти ҳаннотӣ, ба танзим даровардану таъмини шафофияти фаъолияти мубодилавии муассисаҳои ташкилоти қарзӣ ва тадриҷан гузаштан ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






