Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин иқтидори истеҳсолиашро ба 2,5 миллион тонна мерасонад
Душанбе,14.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» то охири моҳи сентябри соли равон ба иқтисодиёти Тоҷикистон 211 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Инчунин ҳаҷми умумии маъдани аз ҷониби ин ширкат истихроҷшуда 4 миллиону 600 ҳазор тонна, маъдани коркардшуда беш аз 4 миллион тонна ва арзиши маҳсулоти фурӯхташуда 2,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии пардохтҳои андозии ба буҷети давлат ва маҳаллӣ супоридашудаи ин ширкат беш аз 440 миллион сомониро ташкил дода, инчунин зиёда аз 2000 ҷои корӣ таъсис дода шудааст. Ян Чжи Сай, роҳбари «Корхонаи саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» мегӯяд, ки ширкати мазкур дар зарфи ҳашт сол фаъолияташро тақвият бахшида, ба яке аз ширкатҳои бузурги саноатӣ дар самти иктишофи геологӣ, истихроҷи маъдан, коркарди канданиҳои фоиданок, ғанигардонӣ ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда табдил ёфтааст. Алҳол иқтидори истеҳсолии ширкат 1 миллиону 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Инчунин соли равон ширкати мазкур сохтмони корхонаи нави ғанигардониро бо иқтидори 1 миллион тонна дар як сол оғоз намуд, ки он моҳи июни соли 2016 ба истифода дода мешавад. Сохтмони ин корхона имконият медиҳад, ки иқтидори истеҳсолии солонаи ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар бахши истихроҷ ва ғанигардонии маъдан ба 2,5 миллион тонна расонида шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






