Шукрона як амри маҷбур нест…

Октябрь 31, 2015 05:48

Душанбе, 31.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳодисаҳои мудҳиши аввали моҳи сентябр бори дигар зеҳну вуҷуди ҳар як фарди ватандорро такон дод. Ҳамаи мо дар як лаҳза дарёфтем, ки арзишҳои асливу ҳаётии мо, яъне ватани мо, давлати мо, суботу амнияти мо ва зиндагии осудаи ҳар яки мо дар маърази хатари бузурге қарор доштааст. Фақат лутфи Худованд, ваҳдату ҳамкории мардум ва родмардии ниҳодҳои қудратӣ тавонистанд балои бузургро аз сари ин кишвар ва аз болои ин мардум дур кунанд ва мо дубора нафаси осуда кашем.

Тамоми тобистон ҳар бегоҳ аз канори фаввораҳои назди Театри опера ва балет мегузаштам. Атрофи фаввораҳо ҳамеша пур аз мардуме буд, ки бо кӯдакони худ села-села барои тамошову тафреҳ баромада, дар ҳавои мусиқию рангинкамони фаввора саргарми ҳаёти осоиштаи худ буданд. Аммо бегоҳии 5-уми сентябр, вақте ки овозаи он ҳодисаҳо дар шаҳр печида буд, дидам, ки мусиқии фаввораҳо чун пешина садо медод, аммо атрофи он холӣ буд: на модарон, на падарон, на тифлакон, на ҳаёҳую шодмонӣ, на пуфакфурӯшу на барқакфурӯшу на чархакбоз…

Ин лаҳза чун барқ аз зеҳнам гузашт, ки як садои тир, гарчи дар дурдаст, як овозаи ноамнӣ, гарчи аз дурӣ, то чи ҳад метавонад моҳияти зиндагӣ ва сифати ҳаёти моро дигар кунад. Ин лаҳза аз зеҳнам гузашт, ки ҳамин хиёбонҳои пур аз мардуми осуда ва ҳамин ҳаёҳӯи шодии тифлон дар атрофи фаввораҳои шаҳр худ як набзи зиндагӣ, як меъёри зиндаи суботу амнияти ҷомеа будааст…

Ҳоло ҳар бегоҳ аз ин ҷой гузашта, ба майдони пур аз мардум, ба ғавғои шодмонии кӯдакон дар атрофи фаввораҳо нигоҳ карда, беихтиёр мегӯям: ин аст меъёри сулҳу суботу амният, ин аст меъёри зиндагии осуда… Ва дар ин лаҳзаҳо, ҳамчун як инсон, ҳамчун як падар, модар, бародар, хоҳар ва ё фарзанд, ҳамчун як ватандор беихтиёр мафҳуми шукрона аз зеҳнам ҷорӣ мешавад. Шукронаи ин диёри ободу осуда, шукронаи хиёбону майдони пур аз ғавғои кӯдакон, ки набзи ҳаёти осоиштаи мардуми мост.

Бале, он хатар сипарӣ шуд, кӯчаҳои шаҳри мо дубора пур аз лабханду осудагӣ гаштанд, аммо дарси ибрати он бояд дар хотири мо барои ҳамеша боқӣ монад. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос мо бояд бори дигар арзишҳои усулӣ ва ҳаётии худро пеши назар оварем, бори дигар рӯи мафҳумҳои муқаддаси Ватан, Давлат, Ваҳдат, Субот, Амният ва Осудагӣ тафаккур намоем, бори дигар тамоми тору пуди вуҷуди худро зинда кунем ва саршор аз ин ҳиссиёти баланд шавем. Зеро ҳар таҳдид ва ҳар рахна бори дигар ба мо ёдрас мекунад, ки ин муқаддасот чи қадар азизанд, ин арзишҳо то чи андоза муҳимманд. Маҳз дар чунин лаҳзаҳо мо дармеёбем, ки ватану давлату ваҳдату суботу амният шиору муқаддасоти рамзӣ нестанд, балки ҳаётанд, худи ҳаётанд…

Ва чанд шеъре, ки инак пешкаш мешавад, ёдоварии ҳамин муқаддасоти аслӣ, бозандешии ҷойгоҳи ҳамин арзишҳои ҳаётӣ мебошад. Бошад, ки дар ин айём дар вуҷуди ҳар яки мо садо додани ҳаммосаи ватандорӣ рӯҳи ватаншиносии моро боз ҳам қавитар созад.

  Ҷойгоҳи Ватан

Қасам ба ишқи бузурге, ки нест поёнаш,

Қасам ба гардиши тақдири гирдгардонаш.

Қасам ба оби зулолаш, ки ройгон ҷорист,  

Қасам ба вусъати таъриху кӯҳи имонаш.

Қасам ба ҷилди китобе, ки дар Бухоро сӯхт,

Қасам ба дастхати чармпӯши девонаш.

Қасам ба ҳурмати чӯби сафеди гаҳвора,

Қасам ба модари маъсуми покдомонаш.

Қасам ба лолаи дашташ, ки сурх мерӯяд,

Ба ранги хуни раги гардани ниёгонаш.

Қасам ба азми баҳоре, ки баъди ҳар куштан,

Қиём мекунад аз синаи зимистонаш…

Қасам ба бораи санге, ки Қасри миллат шуд,

Қасам ба мавҷи хати парчами парафшонаш.

Қасам ба ҳиммати марди бузурги ҷонбаркаф,

Ки ҷамъ кард ба тадбир халқи сарсонаш…

Муқаддас аст замине, ки модари таърих,

Ба шир ном ниҳодаст Тоҷикистонаш!

Шукрона

Шукрона як амри маҷбур нест,

Муҳтоҷи фармону дастур нест.

Шукрона як рукни имони мост,

Фарҳанги халқи мусулмони мост.

З-ин рӯ ман аз решаву мағзи ҷон,

Шукрона дорам ба вирди забон.

Шукронаи обу хоки Ватан,

Шукронаи номи поки Ватан.

Шукронаи сарзамини баланд,

Шукронаи мардуми арҷманд.

Шукронаи гарму сарди ҳаёт,

Шукронаи бозгашти субот.

Шукронаи пойҳои равон,

Шукронаи наслҳои ҷавон…

Шукрона як амри маҷбур нест,

Мӯҳтоҷи фармону дастур нест.

Шукрона таълими дини ман аст,

Таълими дини мубини ман аст…

Ватанро мафурӯш

Гузарад соати душвор, ватанро мафурӯш,

Ғами имрӯз шавад пор, ватанро мафурӯш.

Пеши таърих мабодо, ки хиҷолат монӣ,

Рӯҳи аҷдод мададгор, ватанро мафурӯш.

Хати марзи ватан имрӯз хати номус аст,

Эй баномус ватандор, ватанро мафурӯш.

Сари болои ту Албурзи баланди нанг аст,

Ба дами теғу сари дор ватанро мафурӯш.

Ғарб то Шарқ ҳама манфиати худ ҷӯяд,

Ба фиреби ду ҷаҳонхор ватанро мафурӯш.

Нест шайхи арабу пири аҷам маҳрами ту,

На ба турку на ба тотор ватанро мафурӯш.

Сухани қудсии «ҳубби ватан аз имон аст»,

Шунав аз Сарвари Солор, ватанро мафурӯш.

Нанги савдои ватан то ба абад мемонад,

Марг бар ҷон хару зинҳор ватанро мафурӯш.

Гузарад соати душвор, ватанро мафурӯш…

Роҳати ҷон аст тоҷик

Некрӯю некному некунвон аст тоҷик,

Хушдилу софу самимию сухандон аст тоҷик, 

Як чаман себаргаву як пора имон аст тоҷик,

Нусхаи асли фазилатҳои инсон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

Хандаҳои кӯдакони пахтасебаш нур дорад,

Дар нигоҳи дилбарони дилфиребаш нур дорад,

Дар ҷабини мӯсафедони базебаш нур дорад,

Осмону офтобу моҳи тобон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

Аз табори растагору аз нажоди арҷманд аст,

Хиттаи нангаш бузургу марзи номусаш баланд аст,

Дар вуҷудаш кони панду дар забонаш кони қанд аст,

Ҳикмату андешаву фарҳангу ирфон аст тоҷик,

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

Пораи ноне агар рӯи замин бинад, бичинад,

Аз тараҳҳум об гардад гар ғариберо бубинад,

Дар бари ҳамсояи бемор чун модар нишинад,

Беҳтарин тафсири маънии мусулмон аст тоҷик.

Меҳрубону қадрдону роҳати ҷон аст тоҷик.

 Абдуллоҳи Раҳнамо

Октябрь 31, 2015 05:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад