Силоҳбадастони ДИ дар Палмира арзишҳои қадимиро нест мекунанд
Душанбе, 05.10.15. (АМИТ «Ховар»). Назар ба хабари Reuters, силоҳбадастони гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар шаҳри Палмираи Сурия Тоқи зафарро таркониданд. Террористон барои хароб сохтани тоқи қадимӣ миқдори зиёди моддаҳои таркандаро истифода намуданд.
Тоқи зафар дар асри 11 солшумории мо эъмор шуда, дар ҷодаи асосии савдо воқеъ буда, 20 метр баландӣ дошт.
4 сентябр силоҳбадастони ДИ дар шаҳри Палмира се манораи мақбараҳоро, ки дар давраи аз 103 то 44 соли пеш аз солшумории мо бунёд шуда буданд, таркониданд. СММ маълумотро дар бораи хароб сохтани маъбади қадимии Бэла тасдиқ намуда, як ҳафта пештар васоити ахбори омма дар бораи тарконидани маъбади Баал Шамин хабар доданд. 19 август хабар дода шуд, ки силоҳбадастони ДИ сарнозири шаҳри Палмира Холид Асаадро дар майдони марказии ин шаҳри бостонӣ қатл намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






