Синдзо Абэ: «Натиҷаҳои мулоқоти мо барои рушди минбаъдаи равобити дӯстонаи Япония ва Тоҷикистон такон хоҳанд бахшид»

Октябрь 24, 2015 13:16

Душанбе, 24.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Ман хело хушҳолам, ки аввалин Сарвазири Япония ҳастам, ки ба Тоҷикистон ташриф овардам. Иҷозат диҳед ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷик барои истиқболи самимӣ миннатдории хешро иброз дорам», — гуфт Сарвазири Япония Синдзо Абэ зимни изҳороти матбуотӣ оид ба мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Япония.
Бино ба гуфтаи Синдзо Абэ, Тоҷикистон дорои марзи тӯлонӣ бо Афғонистон аст, бинобар ин субот дар ин кишвар барои минтақа ва дар маҷмӯъ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.
Зимни музокирот бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба баррасӣ гардиданд. 
«Япония дар оянда низ дар масоили роҳандозии инфрасохторҳо ва рушди минтақаҳо ба Тоҷикистон мусоидат мекунад», — таъкид намуд Синдзо Абэ.
Имрӯз ҳамчунин табодули ёддоштҳо оид ба лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон (даври 2)» сурат гирифт.
Сарвазири Японияро дар сафари расмӣ намояндагони созмону ширкатҳои японӣ ҳамроҳӣ намуданд ва Синдзо Абэ изҳори боварӣ намуд, ки муносибатҳои ду кишвар васеъ мешаванд.
Вобаста ба омода намудани муттахассисон Сарвазири Япония қайд намуд: «Мо минбаъд низ муттахассисони тоҷикро барои омӯзиш ба Япония даъват намуда, амалисозии барномаи пешниҳоди бурсияҳоро баҳри рушди захираҳои инсонӣ идома медиҳем. Дар ин самт таҷрибаи японии таълимоти техникӣ оид ба омода намудани муттахассисони  баландихтисос барои  саноати Тоҷикистон фаъолона истифода бурда мешавад».
Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ ҳамчунин ба созиш омаданд, ки ҳамкориҳоро дар ҳалли мушкилоти дорои хусусияти умумиминтақавӣ тақвият бахшанд. Қайд карда шуд, ки барномаи «Гуфтугӯи Осиёи Марказӣ + Япония» дар бахши кишоварзӣ натиҷаи чунин ҳамкориҳо мебошад. 
Имрӯз ҳамчунин мубодилаи ёддоштҳо оид ба кӯмаки бебозгашти Япония дар ҳаҷми қариб 600 миллион йен барои мубориза бар зидди малах дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
«Мо хушҳол ҳастем, ки Япония дар рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон саҳми худро мегузорад. Дар самти идораи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир Япония дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои таъсиси намояндагиҳо оид ба идораи сарҳадот мусоидат мекунад.
 Ман ба Президент Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси тақвият додани ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумони мо дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ изҳори назар кардам. Умедвор ҳастам, ки натиҷаҳои мулоқоти мазкур барои рушди минбаъдаи робитаҳои дӯстонаи Япония ва Тоҷикистон такони ҷиддӣ медиҳад», — гуфт Сарвазири Япония Синдзо Абэ.

 

Октябрь 24, 2015 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад