Суғд: иҷрои нақша беш аз 43% -и дурнамои чиниши пахта

Октябрь 7, 2015 02:18

Суғд, 07.10.2015. (АМИТ “Ховар”).-То  5 октябри соли ҷорӣ дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд  49 ҳазору 803 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 43,27%-и дурнамо баробар аст.
Тавре ки ба АМИТ Ховар  Абдуазиз Маҳмудов, сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар дод,  ҳамарӯза дар вилоят беш аз 1700-1800 тонна пахта чида мешавад. Пешсафони маъракаи чиниши пахта дар вилоят кишоварзони ноҳияҳои Конибодом (иҷро-56,52%), Ҷ. Расулов (51,32%) ва Спитамен ( 47,85%)  мебошанд. 
 Дар вилоят алъон 35 корхонаи коркарди пахта амал мекунад. Инчунин ба ҳар як чинакчӣ барои ҳар як кило пахтаи чидашуда аз ҷониби хоҷагиҳо аз 40 то 50 дирам пардохт мешавад.
Бояд гуфт, ки имсол дар вилоят дар майдони 42 ҳазору 953 гектар пахта кишт гардида, қарор аст то охири соли ҷорӣ 115,1  ҳазор  тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ шавад.

Октябрь 7, 2015 02:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!