Суғд: сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор ба Русия
Хуҷанд, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд байни Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилояти Суғд ва ҶДММ “Матрий групп” созишномаи ҳамкорӣ ва ҳамзамон бо Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа оид ба ҳамкорӣ гуфтушуниди муфид ба анҷом расид.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз раёсати хадамоти мазкур дар Суғд иттилоъ доданд, тибқи он дар доираи ҳамкории сеҷониба, чанде пеш 15 муҳоҷири меҳнатӣ ба шаҳри Шахтаи вилояти Ростови Федератсияи Русия сафарбар гардиданд.
Бояд гуфт, ки тибқи созишнома ширкатҳои мазкур дар асоси шартномаи меҳнатӣ муҳоҷирони меҳнатиро то Федератсияи Русия расонида, ононро бо ҷои кор, маоши хуб, манзили зист ва шароити зарурӣ таъмин намуда, ҳамчунин фаъолияти меҳнатии онҳоро расмӣ мегардонанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






