Супоридани эътимодномаҳои Намояндаи доимии Тоҷикистон ба директори генералии СУС
Душанбе, 26.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — 23 октябр маросими супоридани эътимодномаҳои Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Ҷамшед Ҳомидов ба директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) Роберто Азеведо баргузор гардид.
Пас аз маросим суҳбати Ҷ. Ҳомидов бо Р. Азеведо барпо гардида, дар он мусоҳибон доир ба сатҳи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мубодилаи афкор намуданд. Инчунин масъалаҳои вобаста ба Созишномаи СУС оид ба содагардонии низоми савдо баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






