Таҷлили 3000-солагии Ҳисор дар Олмон
Душанбе, 26.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- Рӯзи 22 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бахшида ба 3000-солагии Ҳисор чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар мавзӯи “Ҳисор намунаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аст” маърӯза кард. Сипас шарқшиноси маъруфи олмонӣ профессор Манфред Лорентс хотироти неки худро аз сафари нахустини худ ба Ҳисори шодмон дар соли 1957 нақл кард. Дар идома шоири афғон Амирзода як шеъри худро бахшида ба ин шаҳри таърихӣ қироат намуд.
Баъдан ба ҳозирин барномаи “Сайр ба Ҳисори шодмон”, ки Шабакаи 1-уми телевизиони Тоҷикистон таҳия намудааст ва мавзӯъҳои дирӯзу имрӯзи Ҳисори шодмонро дар бар мегирад, намоиш дода шуд.
Ҳамзамон иштирокчиёни чорабинӣ аз гӯшаҳои фарҳангӣ ва намоиши кори дасти рассомони тоҷик, ки кормандони сафорат пешниҳод карданд, дидан намуданд. Ба ҳозирин ҳамчунин маводи иттилоотӣ дар мавзӯи “Назаре ба таърихи Қалъаи Ҳисор ва рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии водии Ҳисор” пешкаш гардид. Дар ин ҳамоиш доираҳои илмӣ, фарҳангӣ, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои Олмон таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






