Ташкилоти қарзӣ қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА-ро муқаррар мекунанд
Душанбе, 26.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). -Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти ба эътидол омадани вазъи бозори хариду фурӯши доллари нақди ИМА ва бо мақсади ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ гузаштан дастур ирсол намуд, ки тибқи он аз 26 октябри соли 2015 сар карда, қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА аз ҷониби ташкилоти қарзӣ муқаррар мешавад.
Тибқи ин дастур ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ бояд қурби харид ва фурӯши доллари нақди ИМА-ро мустақилона, бо назардошти вазъи бозори дохилӣ ва мақсаду вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлат дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар ва амалӣ намоянд.
Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон иброз менамояд, ки вазъи бозори нақд ва фаъолияти муассисаҳои бонкии ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ машғулро ҳамарӯза назорат карда, дар ҳолатҳои ҳаннотӣ ва аз ҷониби онҳо беасос баланд кардани қурб, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои қатъии таъсиррасонӣ хоҳад андешид.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ чораҳои самараноки татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро истифода бурда, фаъолияти муназзаму босуботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллиро таъмин месозад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки барои иҷрои муваффақонаи ин вазифа, тамоми имконоту воситаҳои зарурӣ мавҷуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






