Таваррум дар нуҳ моҳ 2,1 банди фоизӣ паст шуд
Душанбе, 26.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Мувофиқи маълумоти оморӣ дар интиҳои моҳи сентябр сатҳи таваррум, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ ба шумор меравад, 0,4 фоизро ташкил дод. Дар давоми нуҳ моҳи соли равон ин нишондиҳанда ба 3,6 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,1 банди фоизӣ паст аст.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд, дар давоми 12 моҳ таваррум 5,3 фоизро ташкил намуд ва ҳамчунин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ паст мебошад.
Меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон, ки яке аз фишангҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб меравад, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






